Фоҷеа дар Панҷакент: Сӯхтор ҷони падару духтарро рабуд

Шаби 23 ба 24-уми апрели соли 2023 дар деҳаи Пули Гирдоби ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент сӯхтор сар зад, ки дар натиҷа сокини 43-солаи деҳа Шоҳрух Ҳамроев ва духтари нуҳсолааш ба ҳалокат расиданд.

Сокинони деҳа ба Pressa.tj гуфтанд, ки Шоҳрух Ҳамроев барои наҷоти духтараш худро ба коми оташ андохтааст.

Ба иттилои Содиқ Шамсиддинов, як сокини 54-солаи Моғиён, ки шоҳиди ин ҳодиса будааст, манзили зисти Шоҳрух Ҳамроев пурра ба коми оташ рафтааст. Ҳамчунин, оташ ба хонаи истиқоматии ҳамсояҳо низ хисорот овардааст.

“Сӯхтор тахмин соатҳои 12 ё яки шаб оғоз шуд. Худораҳматӣ Шоҳрух ҳамсар ва се фарзандашро аз дохили оташ халос кард, вале духтарчаашро натавонист берун биёрад. Бинобар ин, худашро ба дохили оташ ҳавола кард… Афсӯс, ки падару духтар ҳар ду нобуд шуданд”,- гуфт ин ҳамсуҳбати мо.

Вале сокинони дигари Моғиён дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки Шоҳрух Ҳамроев духтарашро аз коми оташ наҷот дода, рӯйи ҳавлӣ мебарорад, вале аз сабаби нафас кашидани дуди зиёд ва сӯхтани қисми зиёди баданашон ҳар ду дар назди мардум ҷон медиҳанд.

“Ин ҳодиса хеле даҳшатнок ва риққатовар аст. Падар қарзи хешро иҷро кард, фарзандашро аз коми оташ берун овард, вале насибу рӯзиашон марг будааст. Бародарамон Шоҳрух бо духтарчаи нозанинаш дар пеши чашми мардум ҷон ба ҷаббор супориданд. Худо раҳматашон кунад”,- навиштааст корбари “Фейсбук” Акмал Юсуфов.

Аз аксҳои фиристода маълум мешавад, ки манзили Шоҳрух Ҳамроев пурра ба коми оташ рафтааст. Содиқ Шамсиддинов мегӯяд, ки аз сабаби набудани мошини сӯхторхомӯшкунӣ дар ҷамоат ва мошини ёрии таъҷилӣ масоҳати фоҷеа чунин калон шуду ду нафар ҷон доданд. “Агар мошини оташнишон дар лаҳзаи зарурӣ меомад, шояд сӯхтор ин қадар калон намешуд. Бо зӯри мардум имкони хомӯш кардани чунин оташи бузург набуд. Ёрии таъҷилӣ ҳам вақте аз Панҷакент расид, ки манаҳи Шоҳруху духтарашро баста будем”,- мегӯяд ин ҳамсуҳбати мо.

Ҳанӯз мақомоти шаҳри Панҷакент дар мавриди ин сӯхтор ва маблағи зарари расида маълумот надодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *