кресло

Мудири маорифи Бохтар таъин шуд. Аз ду ноҳия то ҳол маълум нест

Фаридуддин Сайдахмедов иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар таъин шудааст.

Таъин кардани ӯ дар ин вазифа дар ҳолест, ки чанде пеш якбора се мудири шуъбаи маорифи як шаҳру ду ноҳия аз вазифа озод карда шуданд.

Тағйирот дар шуъбаи маориф бо фармоиши вазири маориф ва илми кишвар сурат гирифтааст.

Фаридуддин Сайдахмедов то расидан ба ин мақом сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар буд. Ӯ дар ин вазифа Шаъмигул Шарифзодаро иваз кард.

Ҳамчунин, Хайрулло Ҳакимзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Сайғуфрон Қосимзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз вазифаҳояшон азод шудаанд.

То ҳол дар ду ноҳияи мавриди назар касе мудири шуъбаи маориф таъин нагардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *