Карим Бензема имкон дорад, ки…

Тибқи иттилои сомонаи “Спортс.ру” футболбози фаронсавӣ ва ҳамлавари бошгоҳи “Реал Мадрид” Карим Бензема имкон дорад академияи худро дар Арабистони Саудӣ таъсис диҳад.

Ин имконро ӯ танҳо пас аз бастани шартнома бо яке аз бошгоҳҳои Арабистони Саудӣ ба даст оварда метавонад.

Ба иттилои манбаъ, дар охири мавсим шартномаи Карим Бензема бо дастаи “Реал Мадрид” ба охир мерасад ва ӯ ҳамчун футболбози озод метавонад ба кадом бошгоҳе, ки хоҳад, гузариш кунад, вале дар “Реал Мадрид” қоидае роиҷ аст, ки шартномаи дорандаи “Тӯби тиллоӣ” ба таври автоматӣ тамдид карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *