Ҳавопаймое ҳангоми парвоз дар Непал оташ гирифт (видео)

Ҳавопаймои ширкати Flydubai, ки аз пойтахти Непал — шаҳри Катманду ба Дубай парвоз мекард, ҳангоми парвоз оташ гирифт. Дар ин бора хабаргузории ANI хабар медиҳад.

Баъдан ин хабарро Идораи авиатсияи шарвандии Непал тасдиқ кард ва гуфт, ки сухан дар бораи парвози FZ 576-и ширкати ҳавопаймоии арабии Flydubai меравад. Сабаби ин ҳодиса парандае будааст, ки дар муҳаррик афтодааст. Дар ҳавопаймои Boeing 737-800 тақрибан 150 мусофир будаанд.

Рӯзномаи Katmandu Post тавзеҳ медиҳад, ки яке аз муҳаррикҳои ҳавопаймо оташ гирифтааст. Ҳавопаймо соати 21:19 ба вақти маҳаллӣ ба ҳаво бархоста, ба сӯи Дубай парвоз мекард.

Дере нагузашта Фурудгоҳи байналмилалии Трибхуван дар Катманду хабар дод, ки ҳавопаймо парвози худро ба Дубай идома додааст, зеро халабонҳо боварӣ ҳосил кардаанд, ки тамоми нишондодҳо муқаррарӣ мебошанд. Идораи авиатсияи шаҳрвандии Непал тасдиқ кард, ки ҳавопаймо ба ҷои таъиншуда равона шудааст. Баъдтар ширкати Flydubai хабар дод, ки ҳавопаймо дар Фурудгоҳи байналмилалии Дубай фуруд омадааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *