Раиси совхози Вахш раиси ноҳия дар Русия шуд

Вакилони Шӯроҳои маҳаллии ноҳияи Усмани вилояти Липетски Русия дигарбора, инак бори чорум, Владимир Мазои 72-соларо раиси ин ноҳия интихоб карданд.

Аз 48 вакили маҳаллӣ 47 нафарашон ба тарафдорӣ аз Владимир Мазо овоз доданд ва рақиби ягонаи ӯ — раиси ҷамоати Николские Виселки Татяна Христофорова ҳамагӣ як овоз ба даст овард.

Владимир Мазо зодаи шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) дар ҷануби Тоҷикистон ва раиси собиқи совхоз-техникуми дар замони Шӯравӣ дар водии Вахш машҳури ба номи В. Куйбишев (ҳоло хоҷагии ба номи фармондеҳи саҳроӣ Файзалӣ Саидов) буда, инак 15 сол боз раиси ноҳияи Усман аст. Ин ноҳия бо 50 ҳазор аҳолӣ ва маркази маъмуриаш дар шаҳри Усман дар тақрибан 50-километрии ҷануби шаҳри Липетск ҷойгир аст.

Владимир Мазо соли 1972 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм карда, баъдан дар бахши Академияи илмҳои СССР дар Новосибирск рисолаи номзадиашро ҳимоят кард ва соҳиби унвони номзади илмҳои иқтисодӣ шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *