Наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи UEFA ширкат мекунанд

Дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи байналмилалии рушди UEFA, ки аз 3 то 8-уми май дар Македонияи Шимолӣ баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Дар мусобиқаи байналмилалии рушди UEFA дар шаҳри Скопе дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо дастаҳои Македонияи Шимолӣ (3-юми май), Гондурас (5-уми май) ва Косово (8-уми май) бозӣ мекунад. Мусобиқа аз рўи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад.

Баъди анҷоми ин мусобиқаи байналмилалӣ дастпарварони Зайниддин Раҳимов ба Душанбе бармегарданд ва дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 16-сола, ки аз 11 то 21-уми май дар назар аст, иштирок хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *