Раиси вилояти Бадахшон Оғохони IV-ро бо мавлудаш табрик кард

Пайравони мазҳаби Исмоилия рӯзи 13 декабр зодрӯзи 84-уми имоми ин мазҳаб шоҳзода Карим Оғохони чорумро ҷашн мегиранд.
Оғохони IV, ки ӯро пайравонаш Мавлоно Ҳозир Имом меноманд, 13 декабри соли 1936 дар Швейтсария ба дунё омада, аз соли 1957, инак 63 сол боз роҳбарии исмоилиҳои дунё, аз ҷумла роҳбарии пайравони ин мазҳаб дар Бадахшони Тоҷикистонро бар дӯш дорад. Ӯ яке аз пурнуфузтарин намояндагони ҷаҳони Ислом дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ эътироф шуда, талош мекунад, ки ба ҷаҳониён чеҳраи як Исломи модерни парҳезгор аз хушунат, пойбанд ба илму дониш ва пешрафтро муаррифӣ кунад. Оғохони IV ҳамин тавр, бо барномаҳои густардаи имдодиаш дар саросари ҷаҳон маъруф аст.
Рӯзи 12 декабр дар арафаи зодрӯзи 84-уми шоҳзода Карим Оғохони чорум Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аксари аҳолиашро пайравони мазҳаби Исмоилия ташкил медиҳанд, дар як паёми шодбошӣ пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оғохони чорумро ба зодрӯзаш табрик кард. Файзов Оғохони чорумро инсони бузурге номид, ки “умри пурбаракати худро тавассути меҳнати шабонарӯзӣ барои инсоният бахшидааст.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *