Равшан Раҳмонӣ: Ман фанати кори худ ҳастам!

Донишманди саршиноси тоҷик, профессор Равшан Раҳмонӣ аз зумраи ангуштшумор олимонест, ки дар кишварҳои Шарқу Ғарб эътироф гардида, беш аз 20 китоб ва даҳҳо мақолаи илмиаш дар хориҷи кишвар нашр шудааст. Узви анҷуманҳои илмии ҷаҳонӣ буда, иштирокчии ҳамоишҳои зиёди байналмилалӣ аст. Номбурда беш аз ним аср аст, ки дар риштаҳои фолклоршиносӣ, мардумшиносӣ, адабпажӯҳӣ, таърихнигорӣ ва рӯзноманигорӣ заҳмат мекашад. Дар арафаи 70-солагии мавлудаш бо Равшан Раҳмонӣ суҳбате доштем, ки фишурдаи он манзури шумо мешавад.

Аз гӯшт даст кашидам…

— Устод, дар чанд зиёфате, ки ҳамроҳ нишастем, мушоҳида кардам, ки гӯшт намехӯред. Оё гиёҳхор (вегетарианец) ҳастед?

— Бале, банда чанд сол аст, ки аз истеъмоли гӯшт даст кашидам. Хомхӯр (сыроед) ҳам ҳастам. Яъне, кӯшиш мекунам, ки таомҳои пухташударо ҳам нахӯрам. Асосан маҳсулоти табиӣ, аз қабили меваву сабзавот ва анвоъи донагиҳо истеъмол мекунам. Нон ва маҳсулоти нонӣ ҳам намехӯрам.

— Сабаби чунин тасмим гирифтанатон чист?

— Бемориҳои зиёде маро азият медоданд. Табобатҳо на ҳамеша кумак мекарданд. Бинобар ин, худам ба омӯзиш машғул шуда, пас аз мутолиа ва ҷустуҷӯҳои зиёди илмӣ ба чунин натиҷа расидам. Пас аз он ки аз истеъмоли гӯшт даст кашидам, бемориҳо ҳам маро тарк карданд…

— Чанд сол аст, ки аз гӯшт даст кашидед?

— Се сол.

— Аҳли хонавода шуморо пайравӣ мекунанд?

— На, онҳо дар интихоб ва истеъмоли таом озод ҳастанд.

Дониш асоси пешравӣ аст

— Китоби “Равшан Раҳмонӣ: Рӯзгор ва осор”-ро варақ мезанам. Шумо ба беш аз 30 кишвари олам наздики 70 сафари илмӣ анҷом додаед. Бардошти куллиатон аз сафар ба кишварҳои пешрафта чист?

— Дар кишварҳои пешрафта мардум бештар кор мекунанд. Корашонро дӯст медоранд ва аз таҳти дил анҷом медиҳанд. Аксар фанати пешаи худ ҳастанд. Махсусан, олимони Ғарб ба ҳар мавзуъ, ки даст мезананд, онро ошиқона меомӯзанд ва амиқ таҳқиқ мекунанд.

— Чанде пеш, зимни ҳамоише дар Академияи улуми кишвар шумо гуфтед, ки олимони тоҷик бояд шеваи корро аз олимони Аврупо омӯзанд, чун онҳо дақиқ ва амиқ кор мекунанд. Воқеан, мо номзади илм, доктор, профессор ва академик зиёд дорем, вале олими ҷаҳоншумул, олиме, ки таҳқиқоташ дар ҷаҳон эътироф ва иқтибос шавад, хеле кам. Сабаб чист?

— Ҷанги шаҳрвандӣ, мутаассифона, ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвари моро гирифтори буҳрон кард, аз ҷумла низоми илму маорифро. Дар он даврони душвор мактабҳо низ ба мушкил дучор шуданд, маошу таъминот суст шуд, муаллимон маҷбур аз пайи кори дигар рафтанд ё муҳоҷиратро интихоб намуданд, омӯзгорони калонсол бознишаста шуданд. Ин омилҳо ба савияи дониши мактаббачаҳо бетаъсир намонд. Хатмкардагони ҳамин мактабҳо бо дониши сатҳӣ ба донишгоҳҳо омаданд. Бархеи онҳо ба илм майл пайдо карданд, яъне хоҳиш доранд, вале дониш не. Чун кишвари мо ҳам ба кадрҳои илмӣ ниёз дошт, мо ҳамин хоҳишдоштаҳоро ба илм ҷалб кардем. Бархе талош карда, олимони ҳақиқӣ шуданд, ки имрӯз бори илми тоҷикро мекашанд, вале иддае бо ҳамон дониши сатҳӣ боқӣ монданд, чун замина суст аст. Ҳамин аст, ки мо аз рӯйи миқдор пешрафт кардем, вале аз рӯйи сифат натиҷаҳо қонеъкунанда нестанд. Аммо ин марҳилаи гузаранда аст. Бовар дорам, ки дар ояндаи наздик вазъ дигар мешавад.

— Ба андешаи шумо чӣ омилҳо ба пешрафти кишварҳои Ғарб сабаб шудаанд?

— Омилҳои сиёсиву иқтисодӣ зиёданд. Вале омили аз ҳама муҳим ба мушоҳидаи банда дониш аст. Дониш калиди пешрафти давлат мебошад. Омили дигар тарбия. Соли 1998 барои иштирок дар як ҳамоиши илмӣ ба Австралия рафта будам. Аз Арманистон профессор Асатрян ном олими шинохта низ ҳузур дошт. Рӯзи якшанбе бо ӯ дар хиёбони Сидней қадам мезадем. Вақте ба гузаргоҳ расидем, чароғак сурх буд, вале аз сабаби он ки мошин набуд, роҳро гузаштем. Баъд аз мо ҷавонони австралиягӣ ба гузаргоҳ омаданд. Чароғак сурх шуд, бо вуҷуди он ки ҳанӯз ҳам мошин набуд, онҳо аз роҳ нагузаштанд ва сабз шудани чароғакро интизор шуданд. Асатрян ба ман гуфт, ки дидӣ инҳо шеваи дуруст зистанро дар ҳама ҳолат риоя мекунанд. Ин аст калиди пешрафти ин кишварҳо. Мо ҳам бояд шеваи дуруст зистанро талқин кунем. Ман борҳо дар ин мавзуҳо мақолаҳо навишта, сабабу омилҳояшро муайян намуда, пешниҳодҳо кардаам, вале намедонам касе мехонад ё не?! Барои мисол мо дар кишвар як инқилоби маънавӣ кунем, ҳама партовро дар партовгоҳ партоем ва кӯдаконамонро ҳамарӯза ба ин талқин кунем. Дар натиҷа кӯдак меомӯзад ва муҳити мо аз ифлосӣ тоза мешавад. Инсон ҳамавақт тарбия мешавад. Як мисол меорам. Ман чанд сол аст, ки ба хона об фармоиш медиҳам. Қаблан, аз он тарафи гӯшӣ бонуҳои дағалгуфтор фармоиш қабул мекарданд, ҳоло духтарони ширингуфтор. Яъне онҳоро тарбия кардаанд. Ширкатҳо дарк кардаанд, ки муомилаи нек василаи пешрафти корашон аст. Имрӯз ба марказҳои калони савдои шаҳр дароед, ҷавонону духтарон бо чеҳраи шукуфон ва лаҳни ширин шуморо пешвоз мегиранду гусел мекунанд, чун аз аз онҳо талаб кардаанд. Вале ба баъзе мағозаҳои хусусӣ дароед, чеҳрааш гирифта, “харӣ, хар, нахарӣ, баро рав” мегӯяд. Яъне ҳамавақт роҳҳои пешрафтро бояд ҷуст. Олимони улуми иҷтимоӣ, сотсиологҳо бояд ҷомеаро омӯхта, барои пешрафт пешниҳодҳои мушаххас дошта бошанд. Таърихи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонро омӯзед, ҳама чунин марҳиларо пушти сар карда, баъдан тараққӣ кардаанд.

Равшан Раҳмонӣ бо профессор Ричард Фрай ва профессор Асатрян

— Оид ба тарбия ишора кардед. Бисёриҳо усули тарбияи Ғарбро  интиқод мекунанд ва ба тарбияи суннатии мо бартарӣ медиҳанд. Шумо ба ин чӣ назар доред?

— Воқеан, аз лиҳози одобу ахлоқ ва тарбияи хонаводагӣ бачаҳои мо бисёр хуб ҳастанд. 5 соли охир одобу ахлоқи ҷавонон боз беҳтар шудааст. Падару модар тартибу интизоми фарзандонашонро назорат мекунанд, вале донишашонро не. Як мисол меорам. 10 сол аст, ки ба ҳар синфхонае, ки медароям, дар оғоз мепурсам: “Кӣ дар умраш афсона гӯш кардааст?”. Даҳ сол пеш, аз 100 нафар 10 нафар даст мебардошт. Саволи 2: Кӣ афсона хондааст? Ҳеҷ кас даст намебардорад. Кӣ филми тасвирӣ дидааст? 40 кас даст мебардорад. Аз миёни 10 нафар, кӣ афсонаи гӯшкардааш ба ёдаш ҳаст? 4-5 нафар ёд доранд, 2-3 нафар нақл карда метавонанд. Ҳамин сол боз ҳамин саволро додам. Ҳатто як нафар ҳам дар умраш афсона гӯш накардааст. Хондан ва нақл кардан як тараф. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Ғарб чунин нест. Волидон ба фарзандашон то 7-10-солагӣ ҳар шаб афсона мехонанд. Кӯдак вақте ба мактаб меравад, дар Аврупо, 600-1000 афсона гӯш кардааст. Афсона ба тахайюли кӯдак таъсир мерасонад. Ӯ мисли “Оинаи ҷаҳоннамо” мехоҳад телевизор созад, ё мисли “Гилеми паррон” тайёра…

Роҳнамоии устод Асрорӣ

— Устод, чун мавлуди шумост, мехоҳам дар бораи худатон низ суҳбат кунед. Чаро ба таҳқиқи фолклор рӯй овардед?

— Вақте ба факултаи филологияи Университет, ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудам, дар курси як моро ба гурӯҳҳо ҷудо мекарданд. Шуъбаи журналистика дар Кафедраи фолклор ва адабиёти халқҳои СССР буд, ки мудираш устод Воҳид Асрорӣ буданд. Вақти тақсимот бисёриҳо мехостанд дар гурӯҳи журналистика таҳсил кунанд, довталабони гурӯҳи фолклоршиносӣ кам буданд. Устод Асрорӣ маро ба гурӯҳи фолкор гузарониданд. Гуфтанд, ки фолклор кори журналистӣ аст, меравӣ аз ину он маълумот ҷамъ мекунӣ. Розӣ шудам, зеро он замон гапи профессорро рад кардан мумкин набуд. Ҳамин тавр, 5 сол таҳсил кардам.

— Мегӯянд, ки дар имтиҳони хатм устодатон Шарифҷон Ҳусейнзодаро тарсонида будед?

Мавзӯи рисолаи хатми ман “Аския — жанри фолклорӣ” буд. Дар баробари рисола, аз зодгоҳам аскияҳоро дар магнитофони калон сабт карда овардам. Рӯзи дифои рисолаи дипломӣ раиси имтиҳон Холиқ Мирзозода, устодон Ҳусейнзода, Табаров ва дигарон менишастанд. Ман якбора магнитофонро мондам. Устод Ҳусейнзодаро ғанаб бурда будааст, як қад парида бедор шуданд. Ин воқеаро ҳамкурсон то ҳол нақл мекунанд. Вале банда аз ин шарм мекардам, зеро ба устодонам зиёд эҳтиром ва муҳаббат доштам. Баъди хатми донишгоҳ корманди радио шудам, вале ҳар сари чанд вақт устодонро хабаргирӣ меомадам. Як маротиба, вақте ба факултет омадам, устод Асрорӣ дар куҷо кор карданамро пурсиданд. Гуфтам дар радио. Сигор дар даст гуфтанд: “Бача, радиоро парто, ин ҷо биё, ҷойи лабарант холӣ, кор мекунӣ”. Боз ҳам розӣ шудам. Ҳамин тавр корманди донишгоҳ шудам…

Нашри “Тоҷикон” дар Афғонистон

— Солҳои 80-ум ба ҳайси тарҷумон ба Афғонистон рафтед. Он солҳо бисёриҳо барои пул кор кардан ба тарҷумонӣ мерафтанд…

— Вале ман дар фикраш ҳам набудам, маро фиристоданд. Баръакс, аз он ки ба аспирантура дохил нашудам, парешон будам. Дар Донишгоҳи Кобул тарҷумон будам. Профессорони рус аз дорусозӣ,  иқтисоди сиёсӣ ва ҳуқуқ лексия мехонданд, ман аз қафояшон тарҷума мекардам. Дар ҳамон ҷо мушоҳида кардам, ки дарси фолклор дар донишгоҳ нест. Бо профессор Абдулқаюми Қавим маслиҳат карда, ин фанро ҷорӣ кардем. Соли 1982-83 китоби “Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик”-и Воҳид Асрорӣ ва Раҷаб Амоновро баргардон ва нашр кардем. Чун муаллими фолклор набуд, якуним сол худам дарс додам. Донишҷӯёнро супориш додам, ки фолкор ҷамъ кунанд. Онҳо ба шавқ ин корро мекарданд. Худам ҳам хеле зиёд маводи гуфторӣ ҷамъоварӣ кардам. Ҳоло дар хона 10 000 саҳифа архиви фолклори Афғонистон дорам. Дар Кобул 4 китоб нашр кардам, 3 ҷилд “Намунаҳои фолклори дарӣ” ва як китобча дар бораи омӯзиш ва таҳқиқи фолклори даризабони Афғонистон. Баъди баргаштан аз Афғонистон аспиранти Институти кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи Москва шудам ва зери роҳбарии Вера Никитина дар бораи шоирони маҳаллии Афғонистон рисолаи номзадӣ навиштам. Рисолаи банда соли 1974 дар ду ҷилд дар Москва нашр шудааст. 

— Яке аз корҳои муҳим ва мондагори шумо дар Афғонистон бозгардонӣ ва нашри китоби “Тоҷикон” аст. Мехоҳам дар ин маврид суҳбат кунед.

— Вақте дар Кобул кор мекардам, бо директори китобхонаи Донишгоҳ профессор Ҷалолиддин Сиддиқӣ шинос шудам, ки таърихшинос буд. Бо ҳавас дар бораи таърихи гузаштаи тоҷикон ва форсизабонон гап мезад. Аз китобҳои дар Тоҷикистон чопшуда мепурсид. Дар омади гап, аз китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ёдовар шудам. Ӯ хост, ки ин китобро пайдо кунам. Гуфтам, ки китоб соли 1972 дар Москва ба забони русӣ чоп шудааст. Соли 1981 пас аз рухсатии тобистона китоби «Таджики»-ро бо худ ба Кобул бурдам. Аз дидани китоб профессор Сиддиқӣ хушҳол шуд. Бо хоҳиши ӯ ман саҳифа ба саҳифа китобро хонда, мазмуни хондаҳоямро нақл менамудам. Вай сабт менамуд ва мегуфт, ки барояш ҳар рӯз кам-кам тарҷума кунам. Бо вуҷуди серкорӣ 62 саҳифаи китобро мазмунан барояш тарҷума кардам. Охири соли 1983 як рӯз дар суҳбат ба устод Кароматулло Олимов дар омади гап гуфтам, ки устод Сиддиқӣ мехоҳад китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аз русӣ ба дарӣ тарҷума шавад. Устод хабар доданд, ки ба наздикӣ дар Тоҷикистон “Тоҷикон” ба забони тоҷикӣ нашр мешавад, агар шумо аз рӯи нусхаи тоҷикӣ баргардон намоед, кор зуд анҷом меёбад. Баъди расидани китоб, дар давоми шаш моҳ бо устод Сиддиқӣ китобро хатгардонӣ кардем. Бо устод Иброҳим Усмонов маслиҳат намудем, ки дар китоб аз ҷониби шахси масъуле пешгуфтори мухтасаре бошад. Усмонов аз номи декани факултети улуми иҷтимоӣ Иноятулло Рашид, бо иқтибос аз Бабрак Кормал пешгуфторе навиштанд. Онро дар аввали китоб ҷо намудем.

Китоб чоп шуд. Вале ба баъзеҳо писанд наомад. Гуфтанд, ки тоҷикҳо миллатгароӣ намуда, китоб чоп намудаанд. Моҷаро сар шуд. Маро хостанд дар 24 соат аз Афғонистон хориҷ намоянд. Баъди пурсишу посух фаҳмиданд, ки мо китоби Бобоҷон Ғафуровро баргардон намудаем. Ҳамин тавр, ба мо дигар кордор нашуданд. Пас аз солҳо, соли 2019 китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуровро, ки соли 1984 аз хати тоҷикӣ ба хати форсӣ баргардонида будем, ҷавонмарде бо номи Ҳабиб Ҳамидзода аз тариқи интишороти «Амирӣ» бо сифати баланд ба нашр расонид.

“Мардумгиёҳ” чаро аз нашр бозмонд?

— Дар солҳои 90-ум шумо маҷаллаи “Мардумгиёҳ”-ро таъсис додед. Дар он солҳо, ки як бурида нон ёфтан душвор буд, чӣ тавр ба нашри маҷаллаи хусусии илмӣ тасмим гирифтед?

— Дар Москва ва Кобул маҷаллаҳои фолклор нашр мешуданд ва ҳамин ният дар дили ман ҳам буд. Қабл аз нооромиҳо ба Вазорати фарҳанг ҳуҷҷат дода будам, вале ошӯбҳо сар шуданду ин масъала мавқуф монд. Баъди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, моҳи январи соли 1993 аз Вазорати фарҳанг маро ҷеғ зада гуфтанд, ки агар маҷаллаатро нашр кунӣ, ба қайд мегирем. Ҳамин тавр, соли 1993 аввалин шумораи маҷалларо аз пули худам нашр кардам. Шумораи дуюм ҳам чоп шуду алоқамандони зиёде пайдо кард. Беш аз 1000 нафар ба маҷалла обуна шуданд. Вале соли 1994 пул беқурб шуд ва маблағи обунаи мо ба як нон ҳам намерасид. Ҳамин тавр, бо душвориҳои молӣ то соли 2003 ҳамагӣ 7 шумора маҷаллаи “Мардумгиёҳ” ба дасти хонанда расид. Маҷаллаи “Мардумгиёҳ” ва Созмони ғайридавлатии “Пажӯҳишкадаи мардумшиносӣ”-ро банда замоне таъсис додам, ки бетаҷриба будам. Манбаъи молии онро фикр накардам. Ман ки аз оғоз фанати кори худ ҳастам, барои ман муҳим кор буд, на мол. Бо вуҷуди он ки нашри маҷалла қатъ шуд, вале банда ба корҳои пажӯҳишии хеш идома додам, соли 1998 рисолаи докторӣ дифоъ кардам ва дар дохил ва хориҷи кишвар китобу мақолаҳо нашр кардам.

Чаро кафедраи фолклор надорем?

— Соли гузашта 100-солагии мавлуди академик Раҷаб Амонов ҷашн гирифта шуд. Дар он ҳамоиш нафаре аз маърӯзакунандагон гуфт, ки таҳти роҳбарии Амонов 40 ҷилд фолклори тоҷик ба нашр тайёр шудааст. Тақдири он чӣ шуд?

— Ҷамъоварии фолклори тоҷик аз солҳои 20-30 оғоз шуд. Гарчанде мо дар оғоз фолклоршиноси касбӣ надоштем. Баъди ба майдони илм омадани устодон Амонов ва Асрорӣ ва дигар фолклоршиносон маводи фаровоне ҷамъоварӣ шуд, ки бархе намунаҳои он, аз ҷумла “Эҷодиёти даҳонакии Кӯлоб”, “Фолклори Норак”, “Фолклори саргаҳи Зарафшон” ва ғайра нашр шуд. Вале беш аз 60-70 ҳазор сафҳа мавод ноомӯхта боқӣ мемонад. Академияи улуми Тоҷикистон дар ҳамон давра фолклоршинос Исидор Левинро даъват мекунад. Таҳти роҳбарии ӯ фонди фолклори тоҷик ба система дароварда мешавад. Ҷилди аввали “Куллиёти фолклори тоҷик” соли 1981 дар Москва нашр мешавад. Дар идома “Куллиёти фолклори тоҷик” дар 20 ҷилд омодаи нашр шуда буд. Вале баъди бозсозии горбачёвӣ ва барҳам хӯрдани Ҳукумати Шӯравӣ маблағгузорӣ қатъ шуда, нашри он мавқуф шуд. Баъдан, устод Раҷаб Амонов ин корро идома доданд, диданд, ки матни “Куллиёти фолклори тоҷик” ба 40 ҷилд мерасад, вале табиист, ки нашри он маблағгузорӣ нашуд ва ҳоло сарнавишти он маълум нест. 

— Чӣ бояд кард, ки “Куллиёти фолклори тоҷик” нашр шавад ва ин нашри он то куҷо муҳим аст?

— Кишварҳои ҳамсояи мо 30-40 ҷилд куллиёти фолклор нашр карданд. Мо ҳам бояд даст ба кор шавем. Феълан дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт Фонди фолклор дар таъмир аст. Таъмир тамом шавад, умедворам, ки 4-5 нафарро ба кор ҷалб мекунанд ва аз пайи кор мешавем. Агар нашри куллиёти фолклор пуштибонии молӣ шавад, банда омодаам, ки ёрмандӣ кунам. Пешвои миллат бо муҳаббат дар бораи фарҳанги милливу мардумӣ ҳарф мезананд. Бо талоши эшон мероси маънавии миллати тоҷик аз ҷониби ЮНЕСКО сабт шуд. Мо ҳам бояд аз пайи кор шавем. Бубинед, феълан мо ягона кишваре ҳастем, ки кафедраи тахассусии фолклоршиносӣ дар ягон муассисаи илмӣ надорем, ҳол он ки кишварҳо пажӯҳишгоҳ доранд.

Нақшаҳоям барои 200-300 сол аст

— Устод, дар арафаи 70-солагӣ оё андеша кардед, ки дар оянда чӣ корҳоро бояд анҷом диҳед?

— Орзуҳои ман барои 200-300 сол ҳастанд, гоҳо меандешам, ки ин ҳам кам аст. Барои банда 500-600 сол лозим аст. Албатта, ман ба забони афсона ҳарф мезанам. Умри ман чӣ қадар боқӣ монд, чӣ тасодуфҳо дар пеш маро интизор аст, инро касе намедонад. Банда саломатиамро эҳтиёт карда, аз гӯшт, нон ва дигар таомҳои зараррасон даст кашида, мехоҳам каме умрамро дароз кунам, то ки корҳои анҷомнадодаамро ба охир расонам. Дар бойгониам 40-50 ҳазор саҳифа матни фолклорӣ мавҷуд аст, ҳамчунин сабтҳои зиёде дорам, ки мехоҳам онҳоро ба нашр омода намоям. Боз нақшаҳои дигари эҷодӣ ҳастанд, ки албатта рӯйи онҳо кор мекунам.

— Дар фароварди суҳбат боз ба китоби “Равшан Раҳмонӣ: Рӯзгор ва осор” руҷуъ мекунам. Муаллифи беш аз 80 китоб ҳастед, беш аз 1000 мақола навиштаед. Касе аз олимони улуми иҷтимоӣ ба гумонам дар баробари шумо дар хориҷи кишвар китобу мақола нашр накардааст. Дар даҳҳо ҳамоиши илмии байналмилалӣ ширкат варзидаед. Узви чандин анҷуманҳои илмии ҷаҳонӣ ҳастед, аз кишварҳои хориҷӣ ҷоизаҳо доред. Вале ғайр аз ордени “Дӯстӣ” дар ватан дигар қадршиносӣ нашудаед. Сабаб чист?

— Ба ин суол банда посух дода наметавонам. Барои ҷоизаву унвон давутоз кардан лозим аст, ки ман вақти чунин корҳоро надорам…

Мусоҳиб: Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *