«Регар-ТадАз» ва «Хуҷанд» дар финал бозӣ мекунанд

Дар бозиҳои даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Хуҷанд» комёб шуданд ва ба финал баромаданд.

Дар бозии ҷавобии даври нимниҳоӣ «Регар-ТадАЗ» дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и Турсунзода дастаи «Истиқлол»-и Душанберо қабул кард. Бозӣ бо ҳисоби 0:1 ба фоидаи “Истиқлол” анҷом ёфт. «Регар-ТадАз», ки дар бозии аввал бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд, ба даври дигар гузашт.

Дар бозии дигари нимниҳоӣ дар варзишгоҳи «Кӯлоб-Арена» дастаҳои «Равшан» ва «Хуҷанд» бозӣ карданд. Бозии аввал дар Хуҷанд 1:1 шуда буд. Дар бозии ҷавобӣ «Хуҷанд» бо голи ягонаи Деян Тумбас ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт.

Бозӣ барои ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон дар мавсими 2024 миёни “Регар-ТадАЗ” ва “Хуҷанд” рӯзи 20-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор мегардад.

Охирин маротиба “Регар-ТадАЗ” соли 2019  ва «Хуҷанд» соли 2021 дар финали Ҷоми Тоҷикистон бозӣ карда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *