Рейтинг – 2021. Кӣ пешсаф аст?
Аз “Рейтинг — 2021”, ки сомонаи Pressa.tj ташкил кард, аллакай панҷ рӯз сипарӣ гардид. Дар ин панҷ рӯз раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, соҳибкор Исмоил Зоиров, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ, бунёдгузори саҳифаи “Saliheen” Солеҳ ва чанд нафари дигар бо гирифтани овози бештар дар сафи пеш қарор доранд.
Тавре аз натиҷаи овозҳо бармеояд, дар номинатсияи “Раиси сол” раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ соҳиби 3279 овоз, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода — 1284 ва раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода соҳиби 398 овоз гардидаанд.
Дар номинатсияи “Хайрхоҳи сол” соҳибкор Исмоил Зоиров бо касби 22296 овоз аз роҳбари ширкати “Сарманзил” Маҳмудҷон Муродов (507 овоз) ва Раҳим Бобоҷонов (1966 овоз) пеш гузаштааст.
Дар номинатсияи “Вазири сол” вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо 2863 овоз, дар номинатсияи “Бонкири сол” раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ бо 2802 овоз ва ҳаммуассиси “Алиф Бонк” Абдулло Қурбонов бо 2147 овоз, дар номинатсияи “Ректори сол” ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо 1132 овоз, дар номинатсияи “Чеҳраи сол” овозхон ва блогер Абдурозиқ Игамов бо 1452 овоз, дар номинатсияи “Сарояндаи сол” Мубориз Усмонов бо 1206 овоз, дар номинатсияи “Варзишгари сол” ҷудокор Комроншоҳ Устопириён бо 845 овоз ва дар номинатсияи “Блогери сол” бунёдгузори саҳифаи “Saliheen” Солеҳ бо 2346 овоз дар сафи пеш қарор доранд.
Дигар номзадҳо — Вазири саноат ва технологияи нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир соҳиби 1231 овоз, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода — 1922, раиси Шӯрои нозирони ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» Илҳом Абдуллоев — 878, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода — 757, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Нуъмонҷон Ғаффорӣ — 608, сарояндаи тоҷики муқими Русия Манижа Сангин — 486, варзишгарони навъи ҷиу-ҷитсуи бразилиягӣ Мунис ва Абӯбакр — 885, овозхон Ҷонибек Муродов — 991, овозхон Сафармуҳаммади Рустам — 331, самбист Акмалиддин Каримов — 584, варзишгари муҳорибаҳои омехта Фаридун Одилов — 765, бунёдгузори “Битва блогеров” Илҳом Фозилов — 66 ва бунёдгузори “Авлод медиа” Барон (Беҳрӯз Набиев) соҳиби 830 овоз гардидаанд.
Ёдрас мешавем, ки овоздиҳӣ дар «Рейтинг — 2021» то 31 декабри соли 2021 идома меёбад.
P.S. Ҳамарӯза Pressa.tj соати 14:00 аз рафти овоздиҳӣ ҷиҳати муайян кардани «Рейтинг — 2021» муфассал маълумот медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ