Рекорд: 1 кило ошро дар 11 дақиқа хӯрд
Фурқатҷон Бӯриев, як иқтисодчӣ аз ноҳияи Ашт рӯзи 24 август дар ҷашнвораи «Оши палав” дар шаҳри Хуҷанд як кило ошро дар 11 дақиқа хӯрда, унвони «Ошхӯри беҳтарин” ва 2000 сомонӣ ҷоизаи раиси вилояти Суғдро ба даст овард.
Дар озмуни «Ошхӯри беҳтарин»-и ҷашнвораи «Оши палав”, ки имрӯз 24-уми август дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд”-и маркази вилояти Суғд баргузор гардид, Фурқатҷон Бӯриев, иқтисодчии ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашт аз байни 20 довталаби ин номинатсияи озмун ғолибиятро ба даст овард ва «Ошхӯри беҳтарин» эълон гардид.
Шарти озмун чунин буд, ки довталаб дар вақти муайян гашта бояд назар баҳарифон як кило ошро тез хӯрад. Довталабон ҳама баробар ба хӯрдани ош оғоз мекунанд ва нафаре, ки меъдааш ғунҷоиши оши бисёртарро дорад ва ошро зудтар ҳазм мекунад,ғолибиятро ба даст меорад.
Мӯъминов Муродҷон, сармуттахассиси Бахш оид ба корҳои дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт гуфт, ки барои 20 нафар довталаби «Ошхӯри беҳтарин»-и Фестивали оши палав барои истеъмоли як кило ош 20 дақиқа муқаррар карда буданд: «Довталаб аз ноҳияи Ашт, алакай дар дақиқаи 11-ум табақи ошро холӣкард ва ҳарифонашро шикаст дод. Ӯ бо хӯрдани як кило оши палов дар 11 дақиқа соҳиби 2000 сомонӣ мукофотпулии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ гардид.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ