Ӯзбекистон аз Русия кумак хост то дороии Гулнора Каримоваро ҳабс кунад

Додситонии кулли Узбакистон аз мақомоти Русия хост, амволи ғайриманқули мутаалиқ ба Гулнора Каримова, духтари бузурги раиси ҷумҳури пешини Узбакистон Ислом Каримовро ҳабс кунад.

Дафтари матбуоти Додситонии кулли Русия рӯзи 24 август гуфт, ки дархости ҷониби Узбакистон мавриди баррасӣ қарор дорад, аммо ҷузъиёти аз ин бештар надод.

Додситонии кулли Узбакистон моҳи гузашта эълон кард, ки Гулнора 

Каримова аз соли 2015 дар ҳабси хонагӣ аст ва дар ҳоле, ки бозҷӯии қазияаш идома дорад, ӯ дар ростои иттиҳоми бештар қарор гирифтааст.

Дар изҳороти рӯзи 28 июл Додситони кулл гуфта буд, ки дар пайи ҳабси беш аз 1,5 миллиард доллар аст, ки ба Гулнора Каримова тааллуқ дорад ва дар 12 кишвари дунё, аз ҷумла Русия нигаҳдорӣ мешаванд. Узбакистон мегӯяд, ки Каримова дар Маскав 8 хона, пентҳауз, муҷтамаи вилла, меҳмонҳона, як ҳавелӣ ва замин дорад.

Додситонии кул ҳамчунин гуфтааст, духтари президенти пешин дороиҳоеро ба маблағи 590 миллион доллар ба таври ғайриқонунӣ азхуд кардааст ва 870 миллион долларро ҳамчун ришва ба даст овардааст. Гулнора Кармоваи 45-сола, ки чеҳраи барҷастаи ҷамъиятӣ, тарроҳи шинохта, овозхон ва сафири Созмони Милали Муттаҳид буд, як замон ҳамчун ҷойгузини падараш пешгӯӣ мешуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *