Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Бадафттарин марди сайёра (Видео)

Дар дунё бисёр одамоне ҳастанд, ки бо зебогии хеш байни ҳамагон машҳуру маҳбуб гаштаанд. Онҳо ҳар субҳ бо чеҳраи дилкашу ҷаззоби худ аз оинаи нилгун ва саҳифаҳои маҷаллаҳои ранга мухлисонашонро шод мекунанд. Вале  барои онҳое, ки табиат чунин зебоиро насибашон нагардонидааст хело мушкил аст ба даст овардани маҳбубияту дар арсаи олам машҳур гаштан.

Баръакси ин гуфтаҳо қаҳрамони имрӯзаи мо ин мушкилотро надорад. Вай  тавонистааст бадафтии хешро ба манбаи даромад табдил диҳад.

Годфри Бугама мӯзадӯзи 47 сола аз Уганди ҳанӯз аз овони тифли аз бемории номаълуме ранҷ мебарад ва ҳамин беморӣ боис гаштааст,ки чеҳраи Годфри аз чеҳраи одами муқаррарӣ хело фарқ кунад. Бемории вай аз тарафи тибби муосир то ба охир омӯхта нашудааст.

С 2002 вақто, ки оилаи Годфри дар ҳолати бӯҳрони иқтисодӣ қарор дошт вай дар озмуни аҷибе бо номи «Бадафтарин марди Уганди» ширкат карда, соҳиби ҷойи аввал шуд.

Аммо шакли ғайри муқаррарӣ ва унвони ба андозае меранҷонидагӣ барои мисли дигарон ба маънои томаш зиндагӣ кардани Годфри ҳеҷ маҳдудияте эҷод намекунад.

Ба наздики ҳамсари 30 солаи вай Кейт Наманда духтарчаи дӯстрӯяке таваллуд кард, ки ин аллакай шашумин фарзанди Годфри ва Кейт ҳамсарари дуюмаш мебошад. Ҳамчунин аз ҳамсари аввалаш вай соҳиби 2 фарзанд аст. Зани якумашро Годфри бо марди дигаре дида талоқ медиҳад. Муносибатҳои ошиқонаашон Кейт ва Годфри чаҳор соли дароз аз ҳама пинҳон медоштанд. Годфри бисёр метарсид,ки дӯстон ва наздикони Кейт вақте аз ин муносибат огаҳ шаванд духтарро аз роҳ мезананд. Ҳамин тавр ҳам шуд Кейт дар ҳоле,ки писари якумаш дар батнаш буд аз Гордфри рафт вале ҷудоиро зиёд таҳаммул карда натавонисту пас аз ду моҳ баргашт ба назди дилдодааш. Фарзанди авали онҳо с 2008 ба дунё омада бошад ҳам онҳо танҳо пас аз 6 сол расман бо ҳам ақд бастанд. Гордфри ба ҳамсараш ҳангоми тӯй гуфтааст, ки « Ҳар вақте ҳис куни ки ман сарбориам метавони аз бирави монеат намешавам»

Имрӯзҳо Кейт ба ҳаммаи ошиқон маслиҳат дода мегӯяд: «Вақте,ки ишқи ҳақии зиндагиатонро вохӯрдед ба гапи касе гӯш надода бо ӯ бошед. Бовар кунед асос эҳсоси поку ишқи беолоиш аст пул ва намуди зоҳир тамоман муҳим нест!»

Гордфри бо намоишҳои ҳазлии хеш баҳри таъмини оилааш  пул кор мекунад вай овози хубу маҳорати сарояндаги ҳам дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Хайдарчон 21.06.2017 09:23

    Табиат не Аллох бузур аст ба хама кор Кодир аст.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.