Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар Шветсия лучи модарзод гаштанро қонун иҷозат дод!

Ҳукумати Шветсия ба занҳо иҷозат дод, ки комилан урён дар кӯчаҳо гаштузузор намоянд. Дар қонуни мазкур мафҳуми «зан» чун « инсоне, ки ҳамчун зан эътироф гардидааст» ифода ёфтааст, яъне дар ин раванд мардҳои ба зан тадилёфта  ё  онҳое, ки хоҳиши зан буданро доранд, низ метавонанд, ки дар кӯчаҳо лучи модарзод гарданд.

  Сарфи назар аз он ки мақсади баровардани ин қонун ҳалли мушкилоти трансгендерӣ ( мардҳои ба зан табдилёфта ва занҳои ба мард табдилёфта) буд, акнун ин қонун чун қадаме ба сӯйи қонунигардонидани нудизм низ аст. Аммо новобаста ба  ин,  61% аҳолӣ аз он,  ки қонун  ба занҳо урён гаштанро иҷоза додааст, хуш истиқбол намуданд.

  Мавриди зикр аст, ки қисми зиёди аҳолии Шветсия аз амалишавии ин қонун замоне огаҳӣ ёфтанд, ки занеро бидуни либоси аз миён боло аз ҳавзи обозӣ дар Стокголм  ронданд, то ӯ либоси шиноварияшро пурра намояд.  Аммо он зан ба воситаи ниҳодҳои дахлдор ҳак будани худро исбот намуда, барои «зарари маънавӣ» расонидани аз масъулини ин аквапарк ҷубронпулии калон талаб намуд.

 Қонуни иҷозат додани занон барои урён гаштан то ҳанӯз баҳси асосии мардуми  Шветсия буда, вокунишҳои зиёдеро ба миён овардааст. Зеро аз баромадани ин қонун аҳолии зиёде норозӣ ҳастанд, ки аксарияти эътирозгаронро табақаи мусалмони ин кишвар ташкил медиҳад. Мусалмонон бошанд, дар  Шветсия  хеле зиёданд.

-->

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Шорех 12.07.2016 16:58

    Нудизм-яъне одам чи хеле ки аз модар луч ба дунё меояд бояд хамон хел гардад ва хамон хел луч аз дунё равад, маънояш

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.