Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дилафрӯзи 7-сола: Отам калаи очама бо корд бурид! (Видео)

Ҷигарсӯхтаҳо

Машғули корҳои эҷодӣ будам, ки баногоҳ дари утоқи кории моро касе ангушт зад. Сарамро аз коғазҳо набардошта иҷозати вуруд додам. «Мумкин аст, додарҷон?-гӯён, марди тақрибан 50-солае вориди утоқи кориам гаш. Ӯро зани гандумгуни дар бар либоси миллӣ дошта ва духтарчаи тақрибан 6-7 солае ҳамроҳӣ менамуданд. Чеҳраи меҳмонон ғуборолуда буд ва аз нигоҳашон гӯё дард меборид. Ба меҳмонон ҷой нишон дода мақсади ташрифашонро пурсон шудам. Мард оҳи сард кашида гуфт:

-Моро дарди ҷигарсӯзи фироқи фарзанд ба идораи шумо овард.

-Мебахшед, аввал худатонро муаррифӣ намоед. Шумо кистед ва чӣ арзу шикоят доред?

-Ман Азимов Маҳмаддовуд Саидович, касбам омӯзгор, ин кас бошад ҳамсарам Ҳафизова Бибича, сокинони деҳаи  Тағойободи ноҳияи Ёвон ҳастем ва ҳар шумораатонро мехонем. “Оила” ягона газетае аст, ки дар бораи фоҷиаҳои зиндагии мо барин одамони одӣ менависад ва барои тантанаи ҳақиқат талош меварзад. Барои ҳамин ба наздатон омадем, ки арзи дили моро ҳам дар як гӯшаи ҳафтанома чоп кунед…

Чаро хусур аз домод гумонбар аст?

-Гуфтед, ки шуморо доғи фарзанд ба назди мо овард, вале нагуфтед, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст?

-Духтарамон Дилороми Маҳмаддовуд, соли таваллудаш 1990 ду моҳ боз бе ному нишон аст. Шавҳараш Маҳмадюсуф баъди гум шудани духтарам овозаи нохуш паҳн намуд, ки гӯё Дилороми мо ошиқ доштаасту бо ким-кадом марди бегона гурехта рафтааст, вале ман боварӣ дорам, ки ин гапҳо дурӯғанд ва дар беному нишон  гаштани духтарам худи домодам даст дорад.

-Чаро аз домодатон гумонбар ҳастед?

-Барои он ки зиндагиашон аз аввал нохуб ва байнашон мудом ҷангу ҷанҷол буд.  Маҳмадюсуф ҳамеша занашро мезад. Духтарам пеш аз ғайб заданаш қаҳр карда ба хонаи мо омад ва аз шавҳараш шикоят карда гуфт, ки Маҳмадюсуф ӯро бо болишт буғӣ карда, куштан мехост.   “Дигар ба хона намеравам, кӯдаконам хурданд, касе нест, ки маро ҳимоя кунад. Ягон рӯз аз танҳоию бекасиям истифода бурда ин мардак маро мекушад”,- гуфт, вале хотири чор фарзандаш мо ӯро маҷбуран ба хонааш фиристодем.

 Буғӣ карда, куштан мехост

Ин дам модари Дилором ба суҳбат ҳамроҳ шуда гуфт:

-Ҳамон шабе, ки шавҳараш Дилоромро бо болишт буғӣ кардааст, духтари хурдиам дар хонаашон меҳмон буд. Маҳмадюсуф дар пеши чашми хоҳараш Дилоромро мурданивор зада, баъд болишро дар болои даҳонаш монда, зер кардааст. Апаю хоҳар бо чӣ азобҳое гурехта ба хонаамон омаданд. Дилором гириста-гириста гуфт: “Оча, дар пеши чашми хоҳарам ин худонотарс маро қариб мекушт, тасаввур мекунед, ки дар хона ҳеҷ кас набошад, вай чӣ кор мекунад?! Кӯдаконам ҳоло хурданд, ақл надоранд, метарсам, ки ягон шаб ин золим сари маро аз танам ҷудо накунад. Хонааш аз сараш монад, дигар пою қадамамро ба остонаи дараш  намемонам. Беҳтараш ариза навишта аз Маҳмадюсуф ҷудо мешавам. Ду кӯдакамро мегирам, дутои дигарашро бигзор худаш нигоҳубин кунад. Ба шумо сарборӣ намешавам, кор карда, бо меҳнати ҳалол рӯзи худу фарзандонамро мегузаронам…”

-Ба ҷудо шудани онҳо чӣ монеъ гашт?

-Духтарам дилу нияти баргаштан надошт, вале падари омӯзгораш розӣ нашуд, ки Дилором аз шавҳараш ҷудо шавад. “Падару модар якҷоя зиндагӣ накунанд, бачаҳо дилшикаста шуда, тарбияашон вайрон мешавад. Шавҳарат туро кушта хӯрад ҳам, тоқат кун” гӯён, маҷбур кард, ки ба хонааш баргардад.

-Кӣ ӯро ба хонааш бурд: шумо ё падараш?

-Пештар қаҳр карда меомад, худамон мебурдем, вале дафъаи охир худи шавҳараш омада бо зориву тавалло Дилоромро ба хонааш бурд. Пеш аз рафтанаш духтарам бо чашмони пуроб ба ман нигариста гуфт: “Оча, ҳис карда истодаам, ки ҳамин дидори охиринамон аст, мабодо дигар ҳамдигарро набинем, дидор ба қиёмат!” Гиря карда гуфтам: ”Духтарҷон, барои чӣ нияти бад мекунӣ?”  Дилором оҳи сард кашида ҷавоб дод: “Дилам сиёҳӣ оварда истодааст, метарсам, ки ягон ҳодисаи  нохуш рӯй медиҳад оча…” Дилбардорӣ карда гуселаш намудем, вале духтарам аз дами дарвоза баргашта, боз “Дидорҳо ба қиёмат очаҷон” гуфт ва аз бари рӯям бӯсид. Баъд ба падараш  нигариста гуфт: “Дадаҷон, натарсед, шавҳарам маро кушад ҳам, дигар пою қадамамро ба хонаи шумо намемонам! Ҳамин гапро гуфту рафт. Рафту бе ному нишон гум шуд…

Модари зор ин лаҳзаҳоро нақл мекарду чашмони падари Дилором ҳавзи об гашта, зор-зор гиря мекард. Пушаймон буд муаллим аз он ки духтарашро маҷбуран ба хонаи шавҳараш гусел намуда, бо дасти худ ба кӯйи фалокат тела додааст, вале…

 

Забонхати шубҳаангез

“Ман пеш аз оне, ки духтарамро ҳамроҳи шавҳараш ба хонаашон гусел кунам, аз домод забонхат талаб кардам, ки аз ин пас осуда зиндагӣ мекунанд ва дигар вай Дилоромро намезанаду намеозорад. Бинед Маҳмадюсуф чӣ навиштааст”, –гӯён, падар бо чашмони гирён варақеро ба мо дароз кард. Дар он шавҳари Дилором бо ҳарфҳои каҷу килеб чунин навиштааст: “Ман  занамро ба хонаи худам бурдам, лекин дар оянда агар вай гум шавад ё аз хона баромада равад, ман ҷавобгар нестам”.

Намедонам кормандони мақомоти тафтишотӣ нисбати ин забонхат чӣ  ақида доранд, вале ба назари мо, журналистон ин нигоштаҳо бисёр шубҳаангез намуданд. Ин мард агар нақшаи чӣ тавр “ғайб задан”-и ҳамсарашро худаш накашида бошад, аз куҷо медонист, ки дар оянда бо Дилором чунин ҳодиса рӯй медиҳад? Аз ин навишта  чунин  бармеояд, ки бе ному нишон гаштани Дилором кори дасти шавҳараш аст ё Маҳмадюсуф қобилияти нодири ғайбдонӣ дошта, кай ба сари кӣ чӣ ҳодисаҳо омаданашро пешгӯӣ мекардааст. Мабодо фолбин бошад, пас ӯро ба барномаи “Битва экстрассенсов”-и ТНТ фиристодан лозим, вале ҷинояткор бошад, ҷояш паси панҷараи маҳбас аст, на озодӣ!

 

Чаро дарҳол хабар надод?

-Духтаратон аз кай боз бедарак аст?

Падари Дилором:

-Рӯзи 25-уми май зодрӯз дошт, бегоҳи 26-ум шавҳараш ӯро гирифта ба хонааш бурд. Рӯзи 28-ум дилам худ аз худ сиёҳӣ овард. Ба ташвиш афтида ба Дилором занг задам. Гуфт, ки отаҷон картошкаҳома чидам, 8 халта шуд, ҳамаашро ҷо ба ҷо кардам. Пули корамро гирам, барои рамазон равған мехарам. Гуфтам, ки кӯдакони хурдсолро партофта ба кор наравад, худам барояш равған харида мефиристам, вале розӣ нашуда гуфт, ки нонашро бо меҳнати ҳалоли худаш ёфта мехӯрад. Ҳамон шаби 28-ум Дилором ғайб зада будааст, вале шавҳараш танҳо ду рӯз пас, яъне бегоҳи 30-юми май аз гум шудани духтарам моро хабардор кард. Дар ин ду рӯз вай барои ёфтани занаш ягон зарра кӯшиш накардааст.

 

Модари Дилором:

-Агар занаш бо ягон кас гурехта мерафт, Маҳмадюсуф худи ҳамон шаб ба сари мо омада, қиёматро қоим мекард, вале вай ин корро накард. Сабаби якбора “ғайб задан”-и Дилоромро, ки медонистааст, ду рӯз ба лабаш кулӯх молида гаштааст, агар худамон занг намезадем, шояд аслан дар ин бора ба мо чизе намегуфт!

Бо ҳамсояҳои духтаратон суҳбат накардед, шояд онҳо чизе медонанд?

-Суҳбат кардем. Ҳамон бегоҳи 28-уми май аз ҳамсояаш хоҳиш кардааст, ки каландашро ба вай диҳад. Гуфтааст, ки пагоҳ ба боғ ба кор меравам. Худатон фикр кунед, агар дилу нияти гурехта рафтан медошт, магар аз ҳамсоя каланд мепурсид?

-Хабари гум шудани духтаратонро кӣ ба шумо расонд?

-Ҳамон ҳамсояаш ба ман занг зада гуфт, ки каланд дар рӯйи ҳавлиашу ду рӯз боз духтаратон наменамояд. Аз шавҳараш пурсидем, китф дарҳам кашида намедонам гуфт. Ба ташвиш афтида ба домод занг задам ва хоҳиш кардам, ки телефонро ба Дилором диҳад. Писханд зада гуфт: “Духтаратон дар хонаатону шумо вайро аз ман мепурсед!” Ба таҳлука афтида гуфтам, ки ту шӯхӣ карда истодаӣ. Ҷавоб дод, ки ин кори шӯхӣ нест, шаби 28-ум, соатҳои дуи шаб духтаратон аз хона гурехта рафтааст. Ин гапро шунида хаёл кардам, ки ҷон аз дасту пойҳоям баромад. Гириста пурсидам, ки чаро моро пештар хабар накардӣ, вале домод ба ин саволам ҷавоб надода, телефонро кушт.

-Дарҳол ба милиса муроҷиат кардед?

Модари Дилором:

-Не, барои фаҳмидани асли воқеа ба идораи ҷамоаташон муроҷиат намуда, ҳамроҳи намояндаи ҷамоат ба хонаи шавҳараш рафтем. Маҳмадюсуф заррае ғамгин набуд ва ба саволҳои мо бепарвоёна “намедонам, соатҳои дуи шаб бо касе гурехта рафтааст” мегуфт. Хостам фарзандони духтарамро ба хонаам оварда, то пайдо шудани модарашон худам нигоҳубин намоям, вале падарашон розӣ нашуд. Акнун фаҳмидам, ки чаро вай ба вохӯрии мо бо набераҳоямон монеъ гаштааст. Аз тарси он ки кӯдакон ҳама чизи дидаашонро ба мо мегӯянд, вай онҳоро ба хонаи модараш бурда мондааст…

Мебахшед, мақсадатонро нафаҳмидам. Магар кӯдакон ягон чизро медонанд?

-Даводави бисёре карда, ду-се рӯз пеш набераҳоямонро бо иҷозати мақомот ба хонаи худамон овардем, ки ақаллан 10 рӯз бо мо бошанд. Сару рӯйи кӯдакон пур аз чирку тану баданашон  пури яра шудааст. Онҳоро оббозӣ доронда либоси нав пӯшондам. Ҳамин вақт набераи калониам, ана ҳамин Дилафрӯзи хурдакак сухане гуфт, ки ҳуш аз сарам парид. Мегӯяд, ки очама отам худаш кушт.

 

Падари Дилором:

-Мо худи ҳамон лаҳза ба кормандони мақомот занг зада, хоҳиш кардем, ки омада бо  набераамон суҳбат кунанд, вале онҳо ҷавоб доданд, ки кӯдаки ноболиғ шоҳидӣ дода наметавонад. Чанд рӯз боз Дилафрӯз як гапро такрор мекунад: “Очама отам кушт”, барои ҳамин мо ӯро ба идораи шумо овардем. Марҳамат, худатон бо ӯ суҳбат кунед.

U19A7526         Otam-kalai-ochama-bo-kord-burid

 

Дилафрӯз: Отам очама бо корд заду…

-Духтараки хушрӯй чӣ ном дорӣ?

-Дилафрӯз.

Отата нағз мебинӣ ё очата?

-Очама!

-Барои чӣ отата нағз намебинӣ?

-Чум… Отам очама зад.

-Барои чӣ зад? 

-Бегаҳӣ буд, барои телефон ҷанг шидан, баъд отам очама сутка (термос) қати зад. Сутка шикасту оби ҷӯш дар сару рӯйи очам рехт, очам дод гуфта дар замин ғалтид… Отам берун рафтак, очам гиря карда мана фарёд карду гуфт, ки Дилафрӯзҷон ман мемурум, бибитшон, ки омада мана пурсидан ҳамаша гӯй…

-Баъд чӣ шуд?

-Баъд отам омад, дар дастуш корди калон буд (бо дасташ дарозии кордро нишон медиҳад) ба ҳаму корд дар ана ҳаминҷаи очам зад. (Кӯдак параи дилашро нишон медиҳад)

-Очат дод назад?

-Не, отам даҳани очама дастуш қати маҳкам кардагӣ буд. Дастойи вай калон-калонай, очам дод гуфт наметонист…

-Ту тарсида гиря кардӣ?

-Не, гиря накардум. Отам корди пури хуна нишон дода гуфт, ки агар ягон касда гӯӣ, туям ҳами хел мекушум…

-Баъд чӣ шуд?

-Баъд отам қати акаи Тоҳиру амаким очама дар линча андохтанӣ шидан, неки нағунҷид. Отам рафта як линчаи дигар овард, баъд сари очама бо корд бурид. (Бо дасташ нишон медиҳад, ки аз куҷо то куҷои гарданашро бурид) Сарша дар даруни картошкаҳо таги хок кардан, баъд танаша дар линча андохта дар пушти мошини амаким мондану куҷое бурдан. Гиря карда гуфтум, ки очама куҷо мебаред. Отам гуфт, ки гиря накун, очата духтур мебарем, саҳат мешава…

-Худат дидӣ, ки отат сари очата бурид ё ягон кас гуфт?

-Не, худум дидум. Гарданша ана ҳами хел бурид қати корд (Боз бо дасташ нишон медиҳад)

-Ҳозир отат дар хонаатон?

-Не, ай дасти милисаҳо халос хӯрда гурехтай. Меган дар кадом кӯҳ баҷо шидай.

-Мехоҳӣ назди падарат равӣ?

-Не, отам фаҳма, ки ман ҳамаша бибию бобомда гуфтум, ранги очам сари манам корд қати мебура…

Кирми рашк

Беш аз ин Дилафрӯзи хурдакакро бо ба ёд овардани он ҳодисаи даҳшатбор азият додан нахоста, мо суҳбатамонро бо бибию бобояш идома додем. Холаи Бибигул мегӯяд домодаш, ки худ иллат дорад ва як пояш каме мелангад, ҳамеша дар ҳарос буд, ки Дилором низ мисли зани аввалааш ягон рӯз ӯро партофта меравад, барои ҳамин ӯро ба ҳар як сангу чӯби сари роҳ рашк карда, гумони бад мебурд. Модари зор гузаштаи талхи духтарашро ба ёд оварда мегӯяд:

-Чанд бор гуфтам, ки ҳамин занат ба ту маъқул набошад,  беҳуда назан, беҳтараш талоқашро деҳ, ман духтарамро бо фарзандонаш гирифта мебарам, баъд ба табъи дилат зан мегирӣ, вале розӣ нашуда гуфт, ки агар мурдаи духтаратон аз ман халос нашавад, зиндаааш халос намешавад.

Модараш балво медод

-Падару модараш ӯро насиҳат намекарданд?

-Не, модараш баръакс алов мемонд. Духтарам аз дасти хушдоман аз аввал ягон рӯзи хушро надид. Бечора як оғил гову молро нигоҳубин мекард, ҳар рӯз як корсон нон мепухт, либосҳои ҳамаашонро мешуст, вале хушдоманаш ба ҷойи раҳмат гуфтан мудом писарашро балво дода мегуфтааст, ки занат ҷавону хушрӯй аст, вай то охир бо туи маъюб намеистад, маҷбур кун, ки бачаи биёр зояд, он гоҳ  хотири фарзандонаш тоқат карда мешинад….

-Аз тарси хушдоман паиҳам 4 фарзанд таваллуд кард гӯед?

-Ҳа, шавҳару хушдоманаш ӯро маҷбур мекарданд, ки ҳар сол зояд.

-Духтаратон аз хонаи хушдоманаш бе ному нишон гум шуд?

-Не, аввалҳо якҷоя зиндагӣ мекарданд, баъд як вагон харида ба ҳамон вагон кӯчиданд. Ду сол пеш як кулбаяки хоксорона сохтанд. Духтарам мисли мардак худаш хоку лою андова карда бо умед хона сохту…

Аз домод шатта хӯрдам, вале…

-Муносибати домодатон танҳо бо ҳамсараш бад буд ё бо дигарон ҳам дағалӣ мекард?

-Табиатан тундмиҷоз буд. Як моҳ пеш вай ҳатто маро ҳам зада сиёҳу кабуд карда буд, вале зиндагии духтарам вайрон нашавад гуфта, хотири набераҳоям аз гуноҳаш гузаштам.

-Ҳоло домодатон дар куҷост?

Аниқашро намедонам, вале мегӯянд, ки вақти дастгир кардан бо баҳонаи пешоб кардан аз мошини  милиса фаромада гурехтааст. Барои мо аҳамият надорад, ки тақдири вай чӣ мешавад, бигзор давлат аз рӯйи қонун ҷазояшро диҳад.

-Пас мақсади шумо чист? Ба чӣ хотир ба редаксия муроҷиат намудед?

-Мо танҳо як хоҳиш дорем, духтарамонро хоҳ мурда бошад, хоҳ зинда ёфта диҳанд.

Духтарамро одам барин гӯр кардан мехоҳам!

Падари Дилором:

-Ман боварӣ надорам, ки духтарам зинда бошад. Вай духтари тардоман набуд. Дилороми мо ҳеҷ гоҳ чор фарзанди хурдсолашро партофта баромада намерафт. Кӯдак дурӯғ намегӯяд, агар Дилафрӯз он манзараи даҳшатнокро бо чашмони худаш намедид, намегуфт, ки отам очама бо корди калон кушту  гарданашро бурид, баъд ба линча андохта дар мошин бор карда бурд. Мехоҳам кормандони мақомот психолог даъват намуда, дар ҳузури мутахассисон набераамро пурсуҷӯ намоянд ва ҳақиқатро рӯйи об бароранд. Кӣ медонад, ки  ҷасади духтари ғуррамарги мо ҳоло дар зери кадом ифлосиҳо хобидааст. Мехоҳам мурдаи духтарамро ёфта, одам барин ба хок супорам, то ақаллан баъди маргаш рӯҳи дар зиндагӣ наосудааш оромиш ёбад!

Фирӯза Сатторӣ,

Рустам Азимов.

 

Тафсилоти пурраи ҳодисаро дар шумораи ояндаи ҳафтаномаи “Оила” мутолиа карда метавонед. 

Рустам Азимов

-->

Шарҳ

9 шарҳ вуҷуд дорад
  1. али 11.08.2016 11:51

    руи твори падар сиёх амухе холатай кичо роиш мекни мемурди милитсияда муоричиат мекарди

  2. Шухрат Юсупов 11.08.2016 13:22

    Падар ин чо гунахгор нест гунахгор шавхари худозадаги ки хурмату иззати зан ва кудакоша намекунад фикри фарзанди маюбша намекунад ки ояндаи онхо чи мешаванд парвардигор фарзандоша нигохбин бошад худовандо ин разили хайвонро дар панчара нобуд кунад

  3. Тахмина 11.08.2016 16:39

    Худое, ин чи дахшат ? Наход инсон то ин дарача ахмак шуда бошад.

  4. муаллима 11.08.2016 17:18

    Ба балои бад гирифтор шави, номард! Уболи хамсару бачахо дар гарданат((((((

  5. Талаб… 12.08.2016 11:28

    Бар падари шумо бари волидайн лаънат ки духтари худро ба марг гусел кунед. Тавба! Ин чандумин бор аст ки чунин ходиса руй медихаду падарон духтаронашонро ба хонаи кушандагон равон мекунанд

  6. Умар 12.08.2016 12:46

    бад инхо баро ба идораи макомоти кудрати нарафтаву ба инчо омадаанд ??

  7. Мадина 12.08.2016 15:11

    Это не первое история в Таджикистане, когда провительство поймёт что эти все трудности жизни в нашей стране, молодым мучжинам испортило психику, он незнает как прокормить семью, детей день за днём всё трудней семьям прожить хоть один день ,

  8. Gulya Pretty 13.08.2016 06:21

    Кадом волидайн мехохад Ки оилаи фарзандаш вайрон шавад…агар падар медонист махлуки бехун будани домодашро…разве гашта духтарашро ба дасти марг месупорид…???

  9. сайра 13.08.2016 18:42

    Аввалан худо ба хама тавфику инсоф тияд, аз хайвонстратону бевичдонону худозадахо дар панохаш нигах дорад,
    Ба чони чавонаш, ва фарзандакони сагирашудааш дилам месузад,

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.