Кимиёи дар Хоруғ захмбардошта духтари Мазоров будааст

Кимиёи Хурсанд, духтари 12-солаи Хурсанд Мазоров, яке аз 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон дар бемористон дар ҳолати вазнин қарор дорад.

КДАМ қаблан хабар дод, ки Муслим Зикиллобеков, як сокини 22-солаи маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ шаби 24 ба 25 ноябр дар ҳолати мастӣ ва бо суръати баланд мошин ронда, аввал дар кӯчаи Шоҳқирғиз мошини корманди милитсияро зада, сипас дар маҳаллаи Тирчид Кимиёро пахш карда ва аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Ҷустуҷӯи Муслим Зикиллобеков идома дорад. Кимиёи Хурсанд, соли таваллудаш 2006, ки шаби 24 ба 25 ноябр дар маҳаллаи Тирчид зери чархи мошини як ронандаи маст монд, духтари Хурсанд Мазоров, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон мебошад. Кимиёи Хурсанд, ки дар синфи панҷуми мактаби президентии Хоруғ таҳсил мекард, ҳоло дар ҳолати вазнин дар бемористон қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *