Кушта шудани 20 ҷангҷӯи гурӯҳи «Давлати исломӣ»

Дар шимоли Сурия ҳавопаймоҳои Туркия бо зарбаҳои ҳавоӣ 20 ҷангҷӯи гурӯҳи Давлати исломиро куштанд. Бино ба гуфти Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Туркия  ҳавопаймоҳо шоми 10-уми сентябр се бино, як мошин ва як мотосиклеро нобуд карданд, ки ба ҷангҷӯён тааллуқ дошт. Ба гуфтаи фармондеи артиши Туркия амалиёти заминӣ дар хоки Сурия бо номи “Сипари Фурот”, ки ду ҳафта пеш шурӯъ шуд, “ба таври қатъӣ” идома хоҳад кард. Ҳамзамон бо зарбаҳои ҳавопаймоҳои Туркия дар Сурия, байни сарбозони турк ва размандагони курд дар он минтақа даргирӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *