Волии масеҳӣ Исломро танқид кард

Ҳудуди 200 ҳазор нафар дар пойтахти Индонезия ҷамъ омада, алайҳи волии Ҷакарта эътироз карданд.

Басуки Ҷаҳая Пурнама ба тавҳини Ислом муттаҳам мешавад ва додиситонҳо ба додгоҳ рафтани қазияи ӯро тасдиқ кардаанд.

Тасмими муҳокимаи волӣ дар бузургтарин кишвари мусалмоннишин, дар пасманзари афзоиши ташаннуҷи мазҳабиву қавмӣ гирифта шуд.

Пурнама аз масеҳиёни ақалияти чинӣ буда аввали ғайримусалмонест, ки волии Ҷакарта шудааст.

Ӯ дар суханронияш моҳи сентябр гуфт, ки истифодаи сураҳои Қуръон барои халалдор кардани пуштибонӣ аз ӯ, фиреб додани райъдиҳандагон аст.

Гурӯҳҳои исломӣ мегӯянд, ки Пурнама Исломро танқид кардааст ва алайҳи ӯ ба пулис шикоят бурданд.

Басуки Ҷаҳая Пурнама баъдан аз мардум узр пурсид.

Моҳи гузашта дастикам 100 ҳазор нафар алайҳи ӯ дар Ҷакарта тазоҳурот карданд.

Аз сӯи дигар Пурнама барои мавқеи сахтгиронааш дар баробари фасодкорию бесалоҳиятӣ ва коҳиши бюрокрасӣ дар шаҳристон, ҳамчунон маъруф боқӣ мондааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *