Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Cобиқ корманди суд дар Хатлон зиндонӣ шуд

Саиднуриддин Шамсиддинов, вакили мудофеъ ва судиҷрочии собиқ дар ноҳияи Вахш ба ҳаштуним сол зиндон маҳкум гардид. Ӯ ҳамвора дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз рафтори баъзе додситону додрасҳо шикоят мекард,

Тавре «Озодӣ» хабар медиҳад, додгоҳ ӯро бар асоси ҳафт моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла харидуфурӯши замин, қаллобӣ ва паҳн кардани маълумоти дурӯғ гунаҳкор донист. Наздиконаш бовар доранд, ӯро барои танқидҳояш аз беадолатӣ ва рафтори баъзе аз додситону додрасҳои минтақа ба зиндон андохтаанд.

Қамариддин Шамсиддинов, бародари Саиднуриддин Шамсиддинов, рӯзи 12-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо имзои Саиди Садр аризаву мақола менавишт ва «зоҳиран ба мақомот хуш наомадааст».

Ин навиштаҳо ҳанӯз дар саҳифааш маҳфузанд ва аз ҷумла дар яке аз онҳо ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта шудааст, «баъзе судяҳои Хатлон … ба хатокорӣ роҳ дода, тақдири инсонҳоро бо роҳи хато ҳал карда, чандин камбағалро беасос «говсуд» карда гаштаанд.»

Вакили мудофеъ Файзи Олӣ мегӯяд, «ҳамчун ҳуқуқшинос шоҳидӣ додам, ки одамон ҳақ доранд, ба номи президент, Додситонии кул ва Додгоҳи олӣ нома нависанд, шикоят кунанд, вале бо ин вуҷуд ӯро маҳкум карданд.»

Аммо хонавода ва вакили мудофеи Саиднуриддин Шамсиддинов мегӯянд, бо ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва барои бозбинии он ба зинаҳои болоӣ шикоят кардаанд. Салтанат Шералиева, модари Саиднуриддин Шамсиддинов гуфтааст, ӯ баробари шунидани ҳукми писараш дар толори додгоҳ аз ҳуш рафт ва танҳо дар бемористон ба худ омад.

Яке аз шоҳидони он лаҳза гуфт, «дар муқоиса ба муҳокимаҳои дигар беш аз даҳ маъмури милиса бинои додгоҳро печонда буданд. Вақте модараш аз ҳуш рафт, дар аввал иҷоза надоданд, ки ӯро ба берун баранд. Танҳо баъд аз доду фиғон иҷоза доданд.»

Мурофиаи охирини Саиднуриддин Шамсиддинов рӯзи 25-уми декабри соли гузашта баргузор шудааст. Худи ӯ дар сухани охиринаш гуфтааст, гуноҳ надорад ва айбномаро рад мекунад. Аммо Нусратулло Мирзоев вакили мудофеи Саиднуриддин Шамсиддинов гуфт, додрас эътирофи шахси зери ҳимояташро ҳангоми тафтишот ҳамчун далел пеш овардааст.

Ӯ гуфт, воқеан Шамсиддинов дар зери ҳар айбнома имзо гузоштааст, вале иддао кард, ки «ин худиқрорӣ маҷбурӣ ва парванда фармоишӣ аст». Баръакси ин, дар навори садоие, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, Абдумаҷид Саидзода, додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас талаб кардааст, «озодии Шамсиддинов барои шаҳрвандон хатар дорад ва ба ҳабс кашида шавад.»

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.