Тағироти кадрӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ (ном ба ном)

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар мақоми роҳбарикунадаи сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон  рӯйихати  онҳое, ки дар  раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии ин вазорат ба сифати роҳбар таъин гардиданд, нашр кард.

Аз он ҷумла:
— генерал-майори милитсия Муҳаммадизода Муҳаммадӣ Толиб ба вазифаи сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— генерал-майори милитсия Азиззода Абдуғафор Қаюм ба вазифаи сардори Раёсати ташхисӣ (экспертӣ)-криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо ба вазифаи сардори Шуъбаи №1 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ;
— полковники милитсия Раҷабзода Ҳасан Ҷамил ба вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— полковники милитсия Сафарзода Эмомалӣ Сафар ба вазифаи сардори Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— полковники милитсия Абдуллозода Самариддин Абдулло ба вазифаи сардори Воҳиди махсуси ВКД оид ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр;
— полковники милитсия Ваҳобзода Баҳодур Барот ба вазифаи сардори Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— полковники милитсия Ашурзода Абдуҷалил Халил ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе;
— полковники милитсия Давлатзода Абдусамад Ҳаким ба вазифаи сардори ШВКД дар хатти истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбеи РВКДН;


— полковники милитсия Назарзода Икромҷон Ҳурматулло ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Роғун;
— полковники милитсия Шарифзода Аҳлиддин Ҳомуддин ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон;
— полковники милитсия Нурализода Суҳроб Ғулом ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон;
— полковники милитсия Солизода Абдувоҳид Орифҷон ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулови вилояти Суғд;
— полковники милитсия Шонадирзода Шоҳусайн Шонадир ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Лахш;
— подполковники милитсия Тағойзода Давлатшоҳ Тағой ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд;
— подполковники милитсия Ҳайдарзода Шералӣ ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ;
— подполковники милитсия Имомбердизода Гулбек Худомун ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ;
— подполковники милитсия Қосимзода Муҳаммадӣ ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд;
— подполковники милитсия Идизода Баҳодур Холиқназар ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд;
— полполковники милитсия Муродов Вафоҷон Бобохонович ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд;
— подполковники милитсия Абдуллозода Асомуддин ба вазифаи сардори Шуъбаи №2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе;
— подполковники милитсия Раҳимзода Зафар Иброҳим ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Носири Хисрави вилояти Хатлон;

— майори милитсия Сулаймонзода Нурулло Раҳматулло ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳринав.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *