Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Яке аз Кӯлоб, дигаре аз Фархор. «Алик-малик»-чиён ба маҳбас рафтанд

Кормандони милитсия дар Душанбе ду нафар қиморбози ашаддиро боздошт карданд. Ҳарду дар ҷойҳои серодам ба қиморбозӣ ё ба истилоҳ “алик-малик” машғул шуда, бо роҳи фиреб аз мардум пул мегирифтанд.

Дар ин бора  маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Тибқи иттилои манбаъ,  ҳафтаи сипаришуда дар маконҳои баргузории қиморбозиҳо рейд ва чорабиниҳои оперативӣ амалӣ карда шуда, ду нафар қиморбозон дастгир ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд. Инҳо шаҳрвандон:

 -Юнусов Самандар Сафаралиевич, санаи таваллудаш 08. 09. 1995, сокини шаҳри Кӯлоб деҳаи Ҳакимобод;

-Ҳамидов Хуршед Иброҳимович санаи таваллудаш 02. 08. 1994, сокини ноҳияи Фархор деҳаи Иттифоқ.

Номбурдагон ҳангоми дар кӯчаи Муҳаммадҷон Қосимови ноҳияи Фирдавсӣ ба бозии ба истилоҳ «алик-малик» машғул шудан дастгир гардиданд. “Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки гарчанде қаблан чандин маротиба аз ҷониби кормандони мақомот дастгир ва барои ин кирдори ғайриқонунӣ нисбаташон чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуда бошад ҳам тарки ин амали ғайриқонунӣ накарда, баръакс дар назди худ шаҳрвандони зиёдеро ҷамъ намуда, ба бозии «алик-малик» машғул ва бо ин роҳ маблағ ба даст меоварданд”-мегӯяд манбаъ.

Нисбати номбурдагон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми Суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯзӣ таъин карда шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Anonymous 18.01.2021 17:58

    Агар имконият мешуд дар маркази савдои Садбарг низ чунин рейдхои махсус анчом медоданд хело хуб мешуд чунки як зумра чунин бозингарони Алик — маликхои ашадиаш дар инчо гох гохе ба чунин бозиву мардумфиреби машгул мебошад.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.