Роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон аз вазифа озод шуд

Муҳаммад Орифзода, роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон аз вазифааш озод карда шуд.

То ҳол касе ба вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон таъин нашудааст.

 Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барканории Орифзода Муҳаммадро ба Pressa.tj тасдиқ карданд.

Ӯ дар гузашта мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ буд ва августи соли 2022 роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон таъин гардид.

Ба иттилои расида, Орифзода Муҳаммад ба кори пешинааш, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ баргаштааст. 

 Феълан касеро роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон таъин накардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *