Дастаҳои футболи мунтахаби Тоҷикистон ва Қатар байни ҳам рақобат мекунанд

Имрӯз, 17 январ дар варзишгоҳи «Ал-Байт»-и Давҳа дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023  бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қатар баргузор мегардад.

Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

 Бозӣ соати 19:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

 Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар қисми финалии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «А», ки дар Қатар идома дорад, дар бозии аввал бо дастаи мунтахаби Чин мусовӣ бозӣ намуд.

Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бошад, ки рӯзи 22 январ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби яккачини Лубнон рақобат менамояд.

 Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз байни ҷойҳои сеюм ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *