Роҳ ба Тоҷикистон 1000 километр дарозтар шуд

Роҳбандии Туркманистон, Тоҷикистонро маҷбур ба гуфтушунид барои ҳамлу нақли борҳояш тариқи Озарбойҷон кардааст.

Р

Роҳбандии Туркманистон, Тоҷикистонро маҷбур ба гуфтушунид  барои ҳамлу нақли борҳояш тариқи  Озарбойҷон кардааст.

Боркашонӣ тариқи ин кишвар, ки аз бандари Боку ва баҳри Каспий (Хазар) гузашта, то Қазоқистон мерасад, нисбат ба роҳи бастаи Туркманистон тақрибан 1000 километр дароз аст ва харҷи бештар дорад. Вале барои Тоҷикистон дар баробари Афғонистони ноамн ин роҳ ягона интихоби мумкин барои боркашонӣ аст. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рӯзи 19-уми март гуфтанд, ки вазир Неъматулло Ҳикматуллозода бо мудири кулли “Бандари Боку” Толеҳ Зиядов суҳбат кардааст. Зиядов гуфтааст, бандар барои ҳамлу нақли борҳои мутааллиқ ба Тоҷикистон омодааст ва кишвар метавонад аз “имкониятҳои бандар фаровон истифода кунад”. Бандари баҳрии Боку дар соли 2018 мавриди истифода қарор гирифт ва масоҳати он 117 гектарро ташкил медиҳад. Иқтидори бандари мазкур барои интиқоли борҳо дар як сол то 15 миллион тоннаро ташкил мекунад. Тоҷикистон дар ҳоле ба имконоти транзитии Боку рӯ меорад, ки Туркманистон аз 1-уми феврали соли 2019 бе огоҳии пешакӣ ҳаракати мошинҳо ва вагонҳои боркашро дар қаламраваш манъ кард. Дар натиҷа даҳҳо мошини боркашони Тоҷикистон дар гузаргоҳи Сарахс (дар марзи Эрону Туркманистон) ва Фароб (дар сарҳади Узбекистону Туркманистон) дармонданд. Туркманистон то ба ҳол дар мавриди ин иқдомаш посухи возеҳ надодааст. Матбуоти наздик ба Ашқобод ба майл зоҳир накардани Тоҷикистон дар сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ишора мекунанд. Дар сурати истифода накардани роҳи Туркманистон, Тоҷикистон имкон дорад танҳо тавассути Афғонистон ва ё Озарбойҷон-Қазоқистон-Узбекистон борҳояшро ба кишварҳои Халиҷи Форс ва ё Туркия расонад ё аз онҷо бор биорад. Чун амният дар Афғонистон таъмин нест, Тоҷикистон ба Озарбойҷон рӯ овардаааст.

Абдулло Ашӯров

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *