Наврӯз хислате дорад,ки илҳоми шоиронро дучанд мегардонад. Шоираи истаравшанӣ Раънои Зоирдухт шеъри наврӯзие фиристодааст,ки замимаи он акси набераи зебояш мебошад. Биёед якҷоя як зебогиро мехонему зебогии дигарро тасмошо мекунем….

Наврӯз хислате дорад,ки илҳоми шоиронро дучанд мегардонад. Шоираи истаравшанӣ Раънои Зоирдухт шеъри наврӯзие фиристодааст, ки замимаи он акси набераи зебояш мебошад. Биёед якҷоя як зебогиро мехонему зебогии дигарро тасмошо мекунем….

НАВРӮЗӢ

Нола занад андалеб майли шунидан расид,

Муғчаи шохи дарахт сӯйи шукуфтан расид.

Лона бимонад фараҳ рӯи лабони саҳар,

Аз қалами рӯшанӣ ранг ба гулшан расид.

Пӯшида андоми ақл, кисвати зебои шарм,

Шарбати нози маро, коми чашидан расид.

Кош таваллои майл, рост бидонӣ азиз,

Суст манеҳ гоми хеш, вақти давидан расид.

Равзаи ризвони шарм, дода ба гандуми нафс,

Ашки пушаймониҳо, то сари доман расид.

Маънӣ магир ин ки ма љуз ту надорам ҳабиб,

Аз ту гули интихоб рӯи кафи ман расид.

Гар гули Раъно шукуфт, дар чамани орзу,

Ҳосили масъудии умр ба чидан расид.

Раънои ЗОИРДУХТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *