Роҳбари навбатии ДИ маҳв карда шуд
Як манбаи низомӣ аз ИМА дар бораи маҳв гардидани яке аз роҳбарони гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» (ДИ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) хабар дод. Дар ин бора агентии «Associated Press» иттилоъ дода, зикр менамояд, ки террорист 26 декабр бар асари зарбаҳои эътилоф дар Сурия нобуд карда шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, фармондеҳи ДИ Абуҷандал Ал-Кувайтӣ дар наздикии НБО Табқа, ки дар дарёи Фурот ҷойгир мебошад, кушта шудааст. Ал-Кувайтӣ роҳбари ин гурӯҳи террористӣ дар шаҳри Раққаи Сурия маҳсуб мешуд.
Маълумоти муфассал оварда нашудааст.
Чанде пеш ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Туркия дар бораи дар давоми як шабонарӯз нобуд кардани 44 ҷангии ДИ хабар дода буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ