Вазири хориҷӣ ва иқтисод иваз шуданд

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, вазири умумри хориҷӣ ва иқтисодро аз мақом сабукдӯш кард. Дафтари матбуоти президенти Қазоқистон рӯзи 28 декабр гуфт, Ғайрат Абдураҳмонов дар мақоми вазири умури хориҷӣ Ерлан Идрисовро иваз намудааст.

Ба иттилои манбаъ, Темур Сулаймонов вазири иқтисод таъйин шуд ва дар ин мақом Қуяндиқ Башимбоевро иваз кард. Дар бораи сабаби тағйирот чизе гуфта намешавад.

Ғайрат Абдураҳмонов дар гузашта сафири Қазоқистон дар Созмони Милали Муттаҳид буд. Ерлан Идрисов аз соли 2012 дар мақоми вазири умури хориҷӣ фаъолият мекард.

Темур Сулаймонов 38 сол дорад ва узви Коллегияи иқтисодӣ ва сиёсатҳои молии Қазоқистон буд. Ӯ хатмкардаи донишгоҳи Павлодари Қазоқистон ва Мерилэнди Амрико аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *