Родриго ҷойгузини Салоҳ мешавад?
Расонаҳо зиёд менависанд, ки футболбози мисрӣ ва ҳамлавари бошгоҳи “Ливерпул” Муҳаммад Салоҳ то зимистон дастаашро тарк мекунад ва роҳбарияти тими мазкур аллакай ҷойивазкунандаи ӯро пайдо кардаанд.
Гуфта мешавад, ки дар аввал роҳбарияти бошгоҳи “Ливерпул” ба Винисиус Ҷуниор таваҷҷуҳ доштанд, вале чун аз ҷониби “Реал Мадрид” ҷавоби рад шуниданд, ҳоло дар фикри ба даст овардани Родриго шудаанд.
Родриго ҳоло дар бозори хариду фурӯши футболбозон 100 миллион евро нарх дорад ва яқинан роҳбарияти “Реал Мадрид” аз бошгоҳи “Ливерпул” аз ин маблағ зиёдтар талаб мекунанд.
Ҳоло бошад, гап сари он аст, ки Родриго барои “Реал Мадрид” футболбози калидӣ аст ва ба осонӣ ӯро ба даст овардан имкон надорад. Вале ин футбол аст ва пагоҳ чӣ ҳодиса рух доданро ҳеҷ кас намедонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ