Зуҳро Фозилова: Насли имрӯз донотару ҳушёртар аст

Меҳмони навбатии гўшаи “Маслиҳати хушдоман” сокини кўчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фозилова Зуҳро ҳастанд.

Суоли мо ба модари азиз чунин аст:

— Имрўз ҳама аз костагии одобу ахлоқ дар насли наврас ҳарф мезананд. Оё кўдакони имрўз аз кўдакони пешин фарқи зиёд доранду тарбияи вижа мехоҳанд?

— Албатта кўдакони имрўз аз кўдакони даҳ-бист сол пеш фарқ мекунанд, зеро онҳо дар асре зиндагӣ мекунанд, ки ба қавли худашон асри инқилоби илму техника аст. Насли имрўз донотару ҳушёртар аст ва албатта тарбияи дигар мехоҳанд, яъне падару модар ва омўзгорон ҳам бояд мисли фарзандону шогирдонашон пешрафта бошанд. Кўшиш кунанд илмҳои нави замони хешро биомўзанд, вале тарбияи ахлоқиву фарҳангӣ аз ҳамон сарчашмае об мехўрад, ки аҷдодонамон об мехўрданд.

Муҳити тарбия бояд фазои бонишоту дилангезе бошад, то имкони он пеш ояд, ки волидон фарзандонро ба таври шоиста тарбия намуда, онҳоро ба қуллаҳои баланди ифтихору саодат расонанд. Асосан кўдакон, дар асоси фитрати табиии хеш, ниёзманди гармтарин ибрози муҳаббат ва бонишоттарин конунҳои оилавӣ ҳастанд. Ҳастии фарзандон омезае аз муҳаббатхоҳӣ ва шодиталабӣ аст. Мураббиёни соҳибмаърифат ва волидайни огоҳ бо истифода аз шодиҳои саҳеҳ ва саргармиҳои солим муҳити бонишоту дилангез ба вуҷуд оварда, ба ин васила дили фарзандонро ба даст меоранд. Онҳоро ба сўйи рафторҳои солиму хислатҳои ҳамида раҳнамун месозанд.

Волидайнро зарур аст, ки аз айёми тифлӣ ба тарбияи фарзандон машғул гарданд.

Ривояте ҳаст, ки як нафар фарзанди нахустинашро ба назди Луқмони Ҳаким бурда, аз ў мепурсад, ки ба тарбияи фарзандам аз кай сар кунам? Луқмони Ҳаким дар навбати худ аз вай мепурсад, ки кўдакат чандрўза аст? Мард ҷавоб медиҳад, ки чилрўза. Луқмон мегўяд, ки аллакай чил рўз дер кардӣ…

Ин нақлу ривоятҳо дар бораи тарбия беҳуда нестанд ва аз қадим ба мо омада расидаанд, мо инро бояд ба назар гирем. Кӯдаконро ба китобхонӣ талқин кунем, зеро китоб дар ҳама давру замон аниси кунҷи танҳоӣ ва фурўғи субҳи доноӣ мебошад.

Суҳбаторо: ДИЛОШЎБ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *