Ронандагии Роҳбари шӯъбаи милисаи Колхозчиён дар ҳолати мастӣ (Видео)
Дар видеое, ки дастраси сомонаи «Ахбор” шуд, сардори яке аз шӯъбаҳои минтақавии милиса дар Панҷакент вақте тасвир шудааст, ки дар ҳолати мастӣ пушти фармони мошин нишаста, сиренаашро баланд кардааст ва каҷу килеб мошинронӣ мекунад.
Сомонаи «Ахбор” як видеоро дарёфт кард, ки дар он, ба гуфтаи муаллифонаш, сардори шӯъбаи минтақавии милисаи Колхозчиёни шаҳри Панҷакент Зуҳуршо Холов дар ҳолати мастӣ тасвир шудааст. Ин ҳодиса моҳи июл як шоми якшанбе дар шаҳраки Ғусари ҷамоати ба номи Лоиқ Шералии Панҷакент рӯй додааст.
Дар видео дида мешавад, ки сардори милиса сиренаи мошинро баланд карда, мошинашро дар як майдон пешу қафо меронад ва ба ҳаракати мошинҳои дигар халал эҷод мекунад.
Ӯ дар байн чанд бор мошинашро бозмедорад, вале боз дигарбора сиренаашро гирён карда, ба ҳаракат медарояд ва дар ҳамон як майдон давр задан мегирад.
Мардум дар садоҳое, ки дар ин навор шунида мешаванд, мегӯянд: «Хайр, маст-да.”
Сокинон мегӯянд, кормандони милиса бояд дар байни мардум бояд намунаи ибрат бошанд. Бахусусан сардорони милиса, ба мисли Зуҳуршо Холов, ки аз худи Панҷакент нест, балки аз Душанбе ба инҷо барои раҳбарии шӯъбаи милисаи Колхозчиён фиристода шудааст.
Бознашр аз сомонаи Ахбор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ