Марги даҳ нафар дар Бадахшон

Бар асари садамаи автомобилӣ дар шоҳроҳи Роштқалъа-Хоруғ даҳ тан аз мусофирони як худрави «Starex» ба ҳалокат расиданд.

Ҳодиса соати 7:30-и субҳи 28-уми август рух додааст.

Навбатдори Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Бадахшон аз шаҳри Хоруғ гуфтааст, ки фоҷеа дар километри 20-уми шоҳроҳи Роштқалъа-Хоруғ рух дод.​Насим Ҷоналишоев гуфт, дар дохили микроавтобус 13 мусофир, аз ҷумла, 4 кӯдак қарор доштанд. Фарзияи пешакии мақомот ин аст, ки ронанда аз ӯҳдаи идораи мошин набаромад ва мошин ба дарёи Шохдара сарозер шудааст.Дар натиҷа, 10 нафар ба ҳалокат расида, се нафар ба бемористони шаҳри Хоруғ интиқол ёфтанд. Ҳамаи кӯдакони мусофир ҳам ҷони худро аз даст доданд ва ронандаи ин мошин маъюб шудааст. Дар ин ҳодиса як модар бо ду кӯдакаш ва як зан бо ду наберааш низ ба ҳалокат расидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *