Ронандаи “Toyota” Саидмеҳроҷиддин Ҳотамшоҳ изҳори пушаймонӣ кард

Дар шаҳри Душанбе ронандаи “Toyota” Саидмеҳроҷиддин Ҳотамшоҳ барои аз тирезаи мошини худ ба берун партофтани партов ҳангоми ҳаракат ҷарима шудааст.

Гуфта мешавад, ки ронанда дар асоси муроҷиати электронӣ ва матлаби дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида боздошт шуд.

“Ронанда зимни идораи воситаи нақлиёт боқимондаҳои афлесун, коғазпора ва пучоқи пиставу бодомро дар роҳи мошингард партофтааст”, — омадааст дар хабари Раёсати ВКД-и Душанбе.

Ҳангоми пурсиш номбурда ба кирдори содирнамудаи худ иқрор гашта, изҳори пушаймонӣ намудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати Саидмеҳроҷиддини Ҳотамшоҳ тибқи талаботи моддаи 112 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *