Россия вазорати нақлиёти Тоҷикистонро ба Россия даъват кард

Вазорати нақлиёти Русия ҳамкоронаш дар Тоҷикистонро ба Маскав барои баррасии баҳсҳои парвозҳои ҳавоӣ даъват кард. Максим Соколов, вазири нақлиёти Русия дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Маскав гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон барои баррасии қазия даъват шудааст, вале таъкид кард, ки ҷониби Русия аз манфиатҳои худ дар ин баҳс ҳимоят хоҳад кард.

Ин даъват соатҳо қабл аз эҳтимолан боздошта шудани 7 парвози ҳавоии ширкатҳои «Уралские авиалинии» ва «ЮтЭйр» бо Тоҷикистон ирсол шудааст. Душанбе дар пайи маҳдуд шудани парвозҳои ширкати «Сомон Эйр» ба Маскаву Санкт-Питербург» дар рӯзи 3 апрел гуфт, ки аз тадбирҳои ҳамсон кор мегирад ва агар то 6 апрел маҳудият бекор нашавад, фаъолияти ширкатҳои амалкунандаи русӣ ҳам маҳдуд хоҳад шуд. Баҳсе, ки 6 моҳ инҷониб идома дорад, сари баробарии шумори парвозҳо аст, мегӯянд мақомот дар Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *