Вазирон хонандагонро насиҳат карданд

 

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои  дохилӣ ва Нуриддин Саид, вазири маорифи Тоҷикистон дар Душанбе бо хонандагони макотиби рақами 101, 54 ва 43-и ноҳияи Сино, ки муҳассилинаш дар муноқишаҳои қаблӣ иштирок доштаанд, мулоқот намуданд. 

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ Раҳимзода дар хитоб ба хонандагон аз пешравиҳо дар соҳаи маориф зикр карда, афзудааст, “вале, дар ин радиф баъзе мактаббачагон ба амалҳои номатлуб даст мезананд, ки боиси ташвишу нигаронист. Ҳодисаи нангине, ки шаби 2-юм ба 3-юми январи соли равон рух дода, ҷони ду ҷавонро аз байн бурд, аз он шаҳодат медиҳад, ки баъзе мактаббачагон даст ба ҷиноят зада, ба падару модар, наздикону пайвандон ва мактабу муассисаи таълимӣ иснод меоранд”.

Ба ақидаи вазир, агар ин наврасону ҷавонон китоб мутолиа намуда, аз панду андарзи бузургон огоҳ мебуданд, ба чунин амалҳои номатлуб даст намезаданд: “Аз таҳлилҳо бар меояд, ки бархе наврасону ҷавонон аз мадди назари волидайн дур монда, вақти худро дар марказҳои дилхушӣ, нуқтаҳои букмекерӣ ва интернет-кафеҳо гузаронида, ба бозиҳои хусусияти зӯроваридошта машғул шуда, даст ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят мезананд. Нисбати падару модароне, ки беэътиноӣ мекунанд, танҳо дар давоми соли 2016, 4 ҳазору 400 протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, волидайни ноболиғоне, ки даст ба ҳуқуқвайронкунӣ задаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд”.

Тибқи иттилои Рамазон Раҳимзода дар 2 моҳи сипаришуда 3 ҳазору 500 нафар ноболиғон аз марказҳои дилхушию букмекерӣ ва интернет-кафеҳо дастрас шуда, фаъолияти 72 марказҳои дилхушӣ манъ карда шудааст. Вазири умури дохилӣ дар хитоб ба хонандагон афзуд, “ҳамаи шумо истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе ҳастед. Душанбе ҳамчун пойтахт маркази тамаддун ва маърифат буда, шумо бояд маданияти шаҳрдориро дар сатҳи баланд риоя намоед. Наврасону ҷавонони дигар манотиқ бояд амалу кирдорҳои некро аз шумо омӯзанд”.

2-юми январи соли 2017, соати 22:00-и шаб ҷавонписарони маҳаллаи 103 ва 102-юми шаҳри Душанбе, ки миёнашон хонандагони макотиби 54-у 101 низ будаанд, миёни ҳам занозанӣ карданд. Дар натиҷа 2 нафар — Хоҷаев Иброҳим Ибодуллоевич соли таваллудаш 1998 ва Шарифов Сомон Шарофиддинович соли таваллудаш 1999 бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба ҳалокат расида буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *