Рубли руссӣ боз поинтар рафт
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) имрӯз, 22 июн, бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ қурби расмии асъори хориҷиро чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8162 сомонӣ, 1 евро = 9.8283 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1452 сомонӣ.
Қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзӣ барои 1 доллари ИМА 8.8200 сомонӣ, 1 евро аз 9.7000 то 9.8800 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1470 сомонӣ мебошад.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ