Имрӯз ҳаво 43 дараҷа гарм хоҳад шуд

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 22 июн дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо ҳарорат то ба 43 дараҷа мерасад.

Бар асоси пешгӯии Агентӣ, дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҷойҳо боридани борон дар назар дошта шудааст. Дар ғарби ВМКБ  27-32 дараҷа ва дар шарқи он  12-17 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳарорат дар водиҳо 38-43 дараҷа ва дар вилояти Суғд 36-41 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво қисман  абрнок гардида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо ба 36-41 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, гармии ҳаво аз 38 то 40 дараҷаро ташкил медиҳад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *