Русия: 7 муҳоҷирро аз 12 то 17 сол зиндонӣ карданд

Додгоҳе дар шаҳри Самара як гуруҳи ҳафтнафарии шаҳрвандони Ӯзбекистону Қирғизистонро бо ҷурми омодагӣ ба як қатор терактҳо дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербургу Екатеринбург ва узвият дар созмони даҳшатафкани «Давлати исломӣ» (ДИ) аз 12 то 17-солӣ зиндонӣ кард.

Дар ин бора Денис Гудков – вакили дифои яке аз маҳкумшудаҳо Козимҷон Абдуллоҷонов иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, наздикони гумонбарон гуфтаанд, айбҳои эълоннамудаи Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ дар додгоҳ исботи худро наёфтанд.

Козимҷон ва 6 гумонбари дигар гӯиё узви ҷиноҳи ДИ дар Екатеринбург буданд ва мехостанд, маркази тиҷории «Карнавал»-ро тарконанд.

«Онҳо гӯиё бо ин амал ба самъи раҳбарияти Русия расониданӣ буданд, ки амалиёти низомиро дар Сурия қатъ кунад. Вале дар ин парванда аз аввал таноқузҳо дида мешуд. Барои намуна, Козимҷон соати шаши субҳ дар хона бо курткае нишаста буд, ки кормандони ФСБ аз ҷайби он норинҷак ёфтанд. Шаш гумонбари дигар низ ҳамин гуна дастгир шудаанд», — афзуд вакил.

Ба гуфтаи ӯ, додгоҳ парвандаи муҳоҷиронро пушти дарҳои баста баррасӣ карда, хулосаҳои вакили дифоъ дар бораи онро ки дар рафти тафтишот қонуншиканӣ шудааст, ба назар нагирифт. Ҳамчунин додрас шикояти гумонбаронро рад кардааст, ки гуфтаанд, ҳангоми бозпурсӣ шиканҷа шуданд.

Тибқи қарори додгоҳ, муҳоҷирони ӯзбек бо мусоидати шаҳрванди 34-солаи Ӯзбекистон Зиёдулло Ибодов мехостанд, маводи таркандае омода созанд. Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи рус, Ибодов узви гуруҳи даҳшатафкани «Ҷабҳат-ун-Нусра» аст. Ба ҷуз ин, муҳоҷирони ӯзбек ба Сурия 100 доллари амрикоӣ фиристодаанд.

Гудков мегӯяд, тасмим дорад аз болои қарори додгоҳ ба зинаҳои болоӣ, аз ҷумла Додгоҳи ҳуқуқи инсони Аврупо шикоят барад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *