Русия ду одами Ҳоҷӣ Ҳалимро ба Тоҷикистон супурд

Мақомоти Русия Мирзо Мукаммилов, ронандаи Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) ва бародараш Қаноат Мукаммиловро, ки ҳафтаи гузашта аз сӯи Интерпол дар Қазон боздошт шуданд, ба Тоҷикистон таслим кардааст.

Ин ду нафар аз ҷумлаи панҷ бародар аз хонаводаи Мукаммиловҳо ҳастанд, ки дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи муовини кушташудаи вазири дифоъ ва пинҳон кардани таппончаҳои шахсии вай айбдор мешаванд. Дар пайи истирдоди бародарон Мукаммиловҳо ба ватан наздики даҳ тани дигар бо айби кумак ба фирори онҳо боздошт шудааст.

Моҳи октябри соли гузашта мақомот бародарон Садриддин, Наҷмиддин ва Муборак Мукаммиловҳоро дастгир карда буданд, вале бародаронашон Мирзо ва Қаноат дар кофтукоб қарор доштанд.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳоло се тани ин бародарон бо моддаи 195 (ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба силоҳ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор мешаванд. Парвандаи онҳо ҳамчун узви гурӯҳи таъсисдодаи Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ, ки рӯзи 4 сентябр даст ба ошӯби мусаллаҳона зад, таҳқиқ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *