Садама дар Осоишгоҳи “Баҳористон”, 2 мурдаву 1 захмӣ
Бино ба иттилои ВКД санаи 19.07.с.2017, тахминан соати 03:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, зани 23-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди Осоишгоҳи “Баҳористон”-и ҳамин шаҳр, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа кардааст.
Бо рух додани чунин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ худи ронанда ва мусофири он зани 21-солаи сокини ш.Хуҷанд ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дигари автомашина зани 24-солаи сокини ш.Хуҷанд, дар беморхона қарор дорад.
Таҳқиқи ин қазия идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ