Сафар ба Бадахшон. Чӣ дидему чӣ шунидем?

Ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сафари бобарори 6-рӯза доштем: аз 13-уми август то 18-уми август.

РОҲ

Рӯзи аввали сафар соати 10:00 аз шаҳри Кӯлоб ба роҳ баромада, соати 23:00 дар шаҳри Хоруғ расидем. Аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин то шаҳри Хоруғ лаблаби дарёи Панҷ сафарамон идома кард. Диққати моро роҳҳои ду тарафи дарё ба худ ҷалб кард. Роҳи мо мисли оина ҳамвору зебо, аммо роҳи сокинони Афғонистон хеле вайрону даҳшатнок.

Дар наздикии ноҳияи Дарвоз оби дарё баланд шуда, тақрибан 50 метри роҳи сокинони он сӯи дарёро пӯшонида буд. Мардум ба он ҷо меомаданду намедонистанд, ки чӣ гуна гузар кунанд. Инчунин, дар чандин ҷойи дигар сангҳо фаромада, роҳро маҳкам карда буд.

Аҷобаташ ин аст, ки ин роҳро, ки як мошин базӯр мегузарад, сокинони маҳаллӣ бо қувваи даст кандаанд. Медонед, ки чӣ хел? Дар ҳамон куҳҳои сар ба афлок худро тариқи банд аз боло овезон карда, бо дастгоҳи сангкафон, ки бо қувваи барқдиҳандаи ҳамроҳ кор мекунад, кашол карда, роҳро кандаанд.

Ин мушоҳидаи аввалини мо буд, ки дидем. Роҳҳои мо то ноҳияи Дарвоз мисли оина ва аз ноҳияи Ванҷ сар карда, роҳро таъмири олӣ карда истодаанду дар назар аст, ки то соли 2026 ба пуррагӣ ба истифода дода шавад. Дар чанд қитъа кор башаст рафта истодааст.

Бархе мегӯянд, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон муқоиса накунед. Чаро накунем? Ин далели раднопазири пешрафти мост. Дар Ӯзбекистон ҳам будем. Роҳҳои вайрон ҳам хеле зиёд ва мардум ҳам аз мушкилиҳо ба мо мегуфтанд. Мо ҳам мушкилӣ дорему пешрафт ҳам.

ВАНҶ, ДЕҲАИ ВОДХУД

Бегоҳ ба ноҳияи Ванҷ, деҳаи Водхуд расидем ва дар хонаи дӯсте меҳмон шудем. Баҳ-баҳ, он қадар манзараҳои зебо дидем, ки ҳиҷ ногуфтанӣ. Зардолуҳо нав пухта буданд, себҳои нозанин, боду ҳавои салқин.

Меҳмондорӣ дар сатҳи олӣ. Хонадор кулчаҳое ба наздамон овард, ки лаззаташон то ҳол дар даҳонамон ҳаст. Афсӯс мехӯрем, ки чанд кулчаро бо худ нагирифтем. Мардуми меҳрубон, меҳмоннавоз, кадбону ва хушдастархон. Дар ин ҷо чашмаҳо фаровону ях. Аз хӯрдани як қулт об ҷигарат тар мешавад.

МЕҲМОНХОНАИ «PAMIR PALAСE»

Шаб моро дар меҳмонхонаи «PAMIR PALAСE» ҷо карданд. Шароити он дар сатҳи оливу муносибат самимӣ, хӯрокҳои болаззат. Сипос ба роҳбари он — ҷавони хушахлоқ акаи Азимҷон! Муҳит ором буду ҳеҷ шуру мағал эҳсос намешуд. Хоби бароҳат доштем.

ХОРУҒИ ЗАРАФШОН

Саҳар аз хоб хестему ба саёҳат баромадем. Ин шаҳр субҳи босафое дорад. Дар кӯчаҳои шаҳри Хоруғ мегаштему мушоҳида мекардем. Хоруғе, ки 5 сол пеш дида будем, тамоман дигаргун шудааст. Ҳама ҷо тозаву озода, бонизом ва гулгулшукуфон.

Қариб дар ҳама соҳаҳо пешравӣ дида мешавад. Мардум аз пайи зиндагӣ ва кор ҳастанд. Сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ҳам зиёданд ва ин ба фоидаи мардум аст, зеро аз меҳмонхонаву бозору дигар хизматрасониҳо фаровон истифода мебаранд.

Раиси вилоят ва раиси шаҳри Хоруғ самимона ва холисона кор карда истодаанд ва барои сабук шудани мушкили мардум пайваста кӯшиш менамоянд. Як мисол меорем. Тармае, ки зимистон дар Хоруғ фаромада буд, раиси вилояту шаҳр шабу рӯз дар ҷойи ҳодиса буданду лаҳза ба лаҳза аз рафти корҳо гузориш медоданд. Дигаронро намедонем, аммо ба назари инҷониб, бо доштани чунин руасо шукр бояд кард.

КУҶО РАФТЕМ?

Ба якчанд ҷо сафар кардем: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Майдони Исмоили Сомонӣ, Телевизиони Бадахшон, бозори марказӣ, хонаҳои урфии бадахшонӣ, чашмаи Пири Шоҳносир дар Шуғнон, Боғи ботаникии Помир ба номи А. В. Гурский, баромадан ба болои куҳ ва дигар ҷойҳо.

БОЗОР

Мегӯянд, ки бозор оинаи шаҳр аст. Мо ба бозори марказии шаҳри Хоруғ рафтем, тамошо кардем, мушоҳида намудем ва барои духтарчаамон сарулибос ва тоқии бадахшонӣ ба маблағи 330 сомонӣ харидорӣ кардем. Инчунин, чор адад бастаи сурма (ҳар кадом 15 сомонӣ), ки табобатиаш мегӯянд, бигрифтем. Синну соли савдогарон гуногун буд, кампиракон низ ба назар мерасиданд, ки гиёҳҳои шифобахш ва куртаву тоқӣ мефурӯхтанд.

Аҷибаш ин буд, ки мо на дар бозор ва на дар кӯчаҳо ҳеҷ гадоигаре надидем. Зиндагии мардум миёна, аммо шукр, ки гадоигар надоранд ва ё шояд доранду мо надидем. Дар бозораш сокинони минтақаҳои гуногун ба савдо машғуланд: аз Ваҳдат, Кӯлоб, Душанбе ва ғайра.

ЗИНДАДИЛӢ

Мо дар тарабхонаи Ӯзбекистон ва меҳмонхонаи «PAMIR PALAСE» хӯрок мехӯрдем. Мо ба зиндадилии сокинони ин минтақа қоил. Онҳо зодрӯз ва дигар рӯзҳои хурсандиашонро дар ин маконҳо мегузаронанд. Модареро дидем, ки баъди чанд сол ба дидори фарзандаш расида буду шодиву хурсандӣ мекард. Эшон баъди хӯроки шом ба рақс мебароянд ва хурду калон хеле зебо мерақсанд. Ин манзара тамошобобу диданӣ аст.

Дар тарабхонаи Ӯзбекистон хӯрок мехурдем, ки ногоҳ Соҳиба Давлатшоева ба он ҷо омаданд ва зодрӯзи кадом наздикашонро ҷашн мегирифтанд. Баъди чанд лаҳза ӯро ба саҳна хонданд. Наздики 20 дақиқа ончунон базми осмонкаф кард, ки роҳат намудем. Ба наздаш рафтем, сипос гуфтем ва акси хотиравӣ ҳам гирифтем.

Ҳини рақси сокинони маҳаллӣ мо қарсак мезадему онҳо рақс мекарданд ва баъзан вақт мо ҳам ба рақс ҳамроҳ мешудем.

МЕҲМОННАВОЗӢ

Дигаронро намедонем, аммо мо дар ин гӯшаи зебои Ватан танҳо хубиву меҳрубониву инсоният дидему халос. Инсонҳои самимӣ, меҳрубон, хоксору фурӯтан ва ҷавонмарду ғаюр. Махсусан дар дӯстӣ хеле содиқанд. Касе ба касе кордор нест, кӯчаҳо ором, ҳама аз пайи зиндагӣ.

Дар меҳмонхонаҳову тарабхонаҳо муносибат дар сатҳи олӣ. Мо аз ин сафар бардоштҳои хубе бо худ гирифтем, таассуроти рангине дорем.

Аз кулли сокинони Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки ҳатман ба ин гӯшаи зебои ватан биоед ва тамошо кунед!

Ҷаҳонгиршоҳ РУСТАМШОҲ, махсус барои “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *