«Сафинаи Баҳром» сазовори Ҷоизаи Камоли Хуҷандӣ
Истеъдод ва қобилияти шеърнависии адабиётшинос Баҳром Мирсаидов ба дӯстону пайвандон аз ин пеш ҳам равшан будааст. Аз ҷумла, аз нишаст ва суҳбатҳои сершумори байнихудӣ чунин сиришти эҷодии ӯро хеле вақт боз дарк кардаем. Ва аммо, аз чӣ сабаб, пештар — ҳам дар ҷавонӣ ва ҳам минбаъд ба хонанда шеърашро пешниҳод намекард.
Вусъати фазои иҷтимоӣ дар чанд соли охир сабаб гардид, ки Баҳром Мирсаид дар айни камолоти пажӯҳишӣ ҷиддан боз ба сари мизи шеъргӯйӣ нишаста, пеш аз ҳама, бо истифода аз саҳифаи фейсбукиаш маҳсули эҷоди шеъриашро ба аҳли мутолиа расонид.
Аз раванди пазироии хонандагон ҳам гӯёву равшан ба назар мерасад, ки шеъри Баҳром Мирсаид дар чашму руҳ ва дили алоқамандони шеър хеле хуш нишастааст. Ашъораш хушпазиранд ва дар доираҳои завқмандӣ хубу матлуб пазируфта шудаанд. Сарчашма ва аз омилҳои муҳими ба олами пурғановати шеър омадани гӯянда дар чунин синни камолот, бешубҳа, истеъдоди фитрӣ ва сириштии ӯ дар ин ҷабҳа мебошад.
Фароҳам омадани маҳсули табъи шоирионаи Баҳром Мирсаид, ки узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст, дар маҷмуаи нахустини шеърии «Сафинаи Баҳром» (Хуҷанд: Ношир, 2022) далели ҳамин нукта аст. Ин дафтар хеле дақиқ равшан мекунад, ки ин гӯянда маҳбуб чун ҳар зарафшонии зарфишони шеър бар ҷон, шеър бар ком ва шеър бар лаб табиатан ШОИР буда ва ШОИР мемонад. Ҷуз ин ҳисси баланди шоиронаи ӯро дар эҳсоси нозуки сухан бояд ҷустуҷӯ кард…
Дафтари «Сафинаи Баҳром» беш аз 200 саҳифа пур-пури шеъри нобу равон ва муассире аст. Ин дафтар боргоҳи муҳаббат ба дунё ва зуҳуроти он, даргоҳи ихлос ба модар — чун офаридаи биҳиштӣ, барояндгоҳи бемонанди ҳисси ишқ ба меҳан, Ватан, маъшуқ ва ғайра аст. Ин дафтар аз шарҳу тафсири комили ишқи вежаи нотакрор ба Ватан, Миллат ва зиндагӣ танида шуда ва ҳузури бобҳои хосаи «Урметаннома», «Зарафшоннома», дилнома, меҳрнома ва сӯгнома дар он баҳрамандии густардаи шоиронаи муаллифро аз зуҳуроти рангини эҳсоси фарзандии Тоҷику Тоҷикистонӣ ба таври доманадор нишон медиҳад.
Бунёди ин дафтари шеър-маҷмуа аз шеъру ғазали нобу хуштоб, рубоиву дубайтии шинам, фардиёти пурмаънӣ ва дигар навъҳои назми ғиноӣ тарҳрезӣ шудааст. Лаҳни сурудаҳояш ба гунае шевову ширин, сабкаш ба сабки эҷоди гузаштагон хеле наздик буда, дар бархе маврид ба сабкҳои нав ҳам рӯйи ниёз овардааст. Мутолиаи ашъори ин китоб чигунагии шеваи фикру эҷоди он ва бозёфтҳои хубу бобарори шоиронаи муаллифро бозмегӯяд.
Саҳифаҳои аввали китоб пур аз меҳру ихлоси саршор ба Ватан, Модар, дӯстиву рафоқат, ишқу сидқ, покиву ростӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ, ҳофизаи таърихӣ ва паҳлуҳои дигари зиндагӣ мебошад. Шоир ин ҷо ватанро «сарчашмаи саршор аз ишқ», «арзандаи тавсифи такрор», «умеди пирони дилафгор», «овози шаҳмардони шерафкан», «безори номардони беор», «омодаи авфи гунаҳкор» ба ҳисоб оварда, дафтари «осору пайкори ватан»-ро салиқамандона варақ мезанад, симои Тоҷикистонро дар фазои судманди озоду осудаи истиқлолӣ чун як «мулки поку дилнишин» бозменамояд, дар бозгӯйи ваҳдати миллии тоҷикон ҷаҳонро дар «пайванди истиқлоли тоҷик» мебинад, Душанберо ба сифати маскани армону умед — «гулшаҳру гулободу гулафрӯз» ва «маъвои дили мардуми фирӯз» ба доираи муаррифӣ мегирад.
Ашъори ин дафтар, бавежа ғазал (ба миқдори 81 адад) ба хонанда барои фаҳмиши бештари моҳияти ҳаёти пуррамз ва рисолати созандаи инсон мадад расонида, аз ҷанбаҳои пурбору неруманди равонӣ, отифӣ, ғиноӣ ва иҷтимоӣ бархӯрдоранд. Ин гуна офаридаҳои шоир асосан посухгӯи қолабҳои суннатӣ мебошанд. Ғазалҳои маҷмуа аз салиқаи қобили таваҷҷуҳи шоир дар сароиши ин навъи куҳани шеъри форсӣ-тоҷикӣ дарак дорад, ки хонанда онҳоро хеле бароҳат ва боҳарорат мехонад. Шоир, аз ҷумла, садоқаташро ба чунин навъи куҳани шеър бисёр шевову расо изҳор медорад, ки аз як тараф, диду фикри гӯяндаро ба ин жанр нишон медиҳад:
Сарҷумлаи девони маонӣ ғазал аст,
Навномаи ҳусни навҷавонӣ ғазал аст…
Гоҳ дар қолабҳои нави нимоӣ — ашъори кӯтоҳ даст ба навоварӣ мезанад ва рангҳои таконбахши зиндагиро бозмегӯяд. Аз ин назар «Тафсири ишқ»-и Баҳроми Мирсаид аз беҳтарин тафсирҳои замони мо ба мафҳуму маънои ишқ бо такя ба талмеҳоти хоса аст:
Ишқ —
як неъмати дуздидаи
Одам зи биҳишт.
Номаи дуздӣ ба пешонии
Одам кӣ навишт?
Қолаби бахшҳои «Урметаннома» ҳам аз анвои якдасти ғазалу дубайтӣ ва «Зарафшоннома» аз анбӯҳи дубайтиву чорпора танида шудаанд. Дар ин бахш аз дафтари сафина як ғазали маъруф ба «Ушшоқи Урметан», 11 дубайтӣ ва 11 рубоӣ ҷой ёфтаанд. «Ушшоқи Урметан» навъе ушшоқномаи сара, ҳамзамон ситоишномаи якдасту якчини муассири ин деҳаи хушманзар дар қаламрави Зарафшони маъруф аст ва тавсифи зебоиву дороиҳои маънавии он ҷо бисёр баланд рӯйи саҳифа омадааст:
Фалак ойинаи шавқи гулу гулзори Урметан,
Ҷаҳон дар орзуи дидани осори Урметан…
«Урметаннома», дар маҷмуъ, ёдгори раднопазири олами кӯдакиву наврасиҳои ширини муаллиф аст, ки дубайтиҳои он ситоиши ин қаламравро ҳамчун «замини пургуҳар», «диёри пурсамар», «рафиқи пурҳунар» ва ғайра идома медиҳанд. Тасвирҳои хос, ҷолиб ва дилнишин дар бузургии қаламрави зодгоҳи гӯяндаи хушбину хушофар чун «мусиқии дилнавоз», «Шашмақом»-и ғамгудоз», «маҳбубаи покбоз», «гулбонуи мӯдароз», «оинаи чашми боз», «найномаи сӯзу соз» ва ғайра низ диққатбаранд:
Мусиқии дилнавози ман, Урметан,
«Шаҳнома»-и ғамгудози ман, Урметан.
Умре ба Зарафшони сухан дил бастӣ,
Маҳбубаи покбози ман, Урметан.
***
Оинаи чашми бози ман, Урметан,
Найномаи сӯзу сози ман, Урметан.
Аз мелаи борони баҳорат гардам,
Гулбонуи мӯдарози ман, Урметан.
Шояд «мусиқии дилнавоз», «Шашмақом»-и ғамгудоз» ва «маҳбубаи покбоз» ба тасвир овардани зодгоҳ дар зеҳни гӯянда бо он ҳама ҷозибаҳояш табиӣ бошанд, аммо «гулбонуи мӯдароз» намоёнидани Урметан, бештар ҷозиба меангезад ва бар тозагии тасвир меафзояд.
Рубоиҳои китоб ҳам идомаи суннатҳои рубоисароӣ дар шеъри кунунии тоҷикист, ки дар он назокату наҷобату таровату зарофати сухан хеле хуш ба назар мерасанд. Барои мисол дар рубоии зер гӯянда ҳунармандона сомону бесомонӣ ва Сомониро ба ҳам меовараду дар зеҳни мо ангеза ба бор меоварад:
Ошуфтаву бошитобу бесомонӣ,
Хоҳӣ, ки биёбӣ бастаи сомонӣ.
Ту ҳасрати сомониву ман ҳам дорам,
Ҳасрат, ки бирафт маснади Сомонӣ.
“Сафинаи Баҳром” ва муаллифи он бо ҳама фазилату дороии шоиронааш сазовори Ҷоизаи адабии Камоли Хуҷандӣ дар арсаи адабиёт мебошад.
Субҳони АЪЗАМЗОД, адабиётшинос
Одил НОЗИР, журналист
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ