Саидмурод Мардонов: Театр зиндагии ман буд

Корвони умри Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саидмурод Мардонов ба қуллаи 85 расид. Ӯ аз зумраи ҳунармандоне аст, ки солҳо дар театру синамо ҳунарнамоӣ карда, дар рангин баргузор шудани маъракаҳои муҳими фарҳангӣ саҳм гузоштааст.

Дар рӯзи зодрӯзи ин ҳунарвари маъруф ба дидорбиниаш рафтем. Дӯстону пайвандон ба табрики эшон омада буданд. Мо ҳам каме фурсат пайдо намуда, бо эшон суҳбат оростем.

— Устод, мавлуди 85-солагӣ муборак!

— Ташаккур, вале дар мавриди санаи таваллудам як нуктаро зикр кардан мехоҳам. Дар шаҳодатномаи таваллудам зодрӯзи ман 5-уми январи соли 1940 навишта шудааст. Вале инро қабул надорам. Модару падарам одамони деҳотӣ буданд. Бинобар ин, онҳо санаи таваллуди маро ҷое сабт накардаанд. Хуб дар ёд дорам, ки замони ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бародарамро ба артиш бурданд. Ман он замонро нағз дар хотир дорам. Аз ин хулоса кардан метавон, ки соли таваллудам 1937 ё 1938 бояд бошад.

Суҳбатро аз кӯдакиатон оғоз кардед. Аз он даврон чиҳо ба хотиратон мондааст?

— Замони кӯдакии ман дар деҳот сипарӣ шудааст. Он вақт хокбозиву харсаворӣ мекардам. Волидонам аз зумраи одамони серфарзанданд. Мо дар оила даҳ фарзандем ва ман кенҷа ҳастам. Аз 10 фарзанд чор нафарамон таҳсилоти олӣ дорем. Ман дар мактаб нағз мехондам, доим 4-у 5 мегирифтам…

— Пешаи актёриро чӣ тавр интихоб кардед?

— Дар мактаби миёна мехондам. Ҳунармандони Театри Лоҳутӣ бо намоишнома ба деҳаи мо омаданд. Тамошои намоишнома маро афсун кард. Аз нафаре пурсидам, ки инҳо кистанд? Гуфт, ки “актёрҳоянд”. Аз ҳамон замон меҳри ин касб ба қалбам ҷо шуд ва дар оянда сарнавиштамро ба он пайвастам.

Устод Саидмурод Мардонов баъд аз хатми мактаби миёна аз дунболи орзуҳояш қадам бардоштааст. Ӯ донишкадаи театрӣ ва рассомии ба номи Островскийи шаҳри Тошкандро хатм карда, аз соли 1966 дар асоси фармони Вазорати маданияти Тоҷикистон дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба ҳайси актёри драма ба фаъолият оғоз кардааст. Аз соли 1991 дар Театри намунавии миниётураи «Оина» фаъолият кардааст. Дар беш аз 100 намоиши театрӣ ва дар 150 намоиши телевизионӣ нақш офаридааст. Аз ҷумла, Сганарел («Табиби зӯракӣ»-и Ж. Б. Молйер), Нуруллобой («Дарди бадро давои бад»-и Х. Хоҷаниёзов), Саид («Дуртар аз сарҳад»-и М. Миршакар), Холназарота («Дил дили Зайнаб»-и Ш. Қиёмов ва А. Марозов), Ҳалимамак («Интихоби домод»-и Ҳоҷӣ Содиқ) ва ғайра. Ҳамчунин дар филмҳои зиёде ба монанди «Як тиру ду нишон», «Зумрад», «Шикори охирин», «Санам», «Номзад», «Марги бегуноҳ» ва ғайра нақшофарӣ кардааст.

Зиёда аз ним асри умри худро ба театр бахшидед…

— Ва як зарра пушаймон нестам. Шукри Худо, дар зиндагӣ ба ҳама чиз даст ёфтаам. Театр маро хӯронд, пӯшонд, хона дод. Аз ҳисоби он фарзандҳоямро бузург кардам. Хотираҳои ширини зиёде дорам…

— Аз ҳамкориҳоятон бо Убайдуллои Раҷаб бигӯед.

— Убайдулло дар 81-солагӣ даргузашт, бо вуҷуди он ки ман аз ӯ чанд сол бузургтарам. Хотираҳо зиёданд. Ба ёд овардани якояки онҳо вақтро зиёд мегирад. Мо барномаи “Чойхона“-ро бо шодравон Убайдулло роҳандозӣ кардем. Чунон машҳур шудем, ки дар кӯчаҳо гашта наметавонистам. Дар театри “Оина” ҳам якҷоя будем. Эҷодиёти моро мардум медонанд ва то имрӯз қадр мекунанд.

— Ҳоло ҳам ба театр меравед?

— Ду сол пеш мерафтам. Дар толор нишаста, намоишномаҳоро тамошо мекардаму таъбам болида мешуд. Вақтҳои охир саломатиам нағз нест, қуввати рафтан надорам. Гарчанде дар зиндагӣ одами хонашин набудам. Дар якҷо нишастан нороҳатам мекунад. Вале чӣ илоҷ, “пириву ҳазор иллат” мегӯянд.

— Имрӯзҳо чӣ рӯзгор доред?

— Ба қавле давлати пирӣ меронам (механдад), бештари вақт дар қабзаи бемориҳо ҳастам. Вале шикоят намекунам. Шукр. Беҳтарин зиндагиро аз сар гузаронидам. Ҳамаи лаззатҳои ҳаётро чашидам. Бо беҳтарин инсонҳо кор кардам. Фарзандҳову набераҳо дорам. Ду бор хонадор шудам. Якум бор дар Хуҷанд ва бори дуюм дар зодгоҳам — Ҳисор. Аз оилаи аввал ду духтар дорам ва аз дуюмӣ як писарро Худованд ба ман насиб гардонид. Писарам ҳоло дар Олмон кору фаъолият мекунад, духтарҳо бошанд, яке дар Хуҷанд соҳиби хонаву зиндагӣ асту дигаре дар Голландия. Соҳиби набераву абераҳоям. Сад шукри додаҳои Худованд.

Сумани УБАЙДУЛЛО,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *