Сайёра Сафарӣ: Ҳунармандони тоҷик аз «Голливуд»-у «Болливуд» камӣ надоранд
Суханони “Ту тоҷикӣ, ту метавонӣ” боли уқоби баланпарвози Сайёра шуданд.
Москва ба ашк бовар намекунад!
Солҳои аввали таҳсилу зиндагӣ дар Москва барои Сайёра душвориҳои зиёде пеш меомад. Зеро ҳаёти як донишҷӯдухтаре, ки аз кишвари дур омадааст ва дар муҳити бегона ба таҳсилу зиндагӣ пардохтааст, якрангу осон набуд. Беҳуда намегӯянд: “Москва слёзам не верит…”. Одатан, онҳое, ки аз минтақаҳо ба бузургшаҳрҳо меоянд, дар аввал ба мушкилоти зиёд дучор мешаванд. Ҳолатҳои зиёде низ буданд, ки ӯро тоҷик гуфта, бо нигоҳи дигар назар меандохтанд. Аммо чизе, ки инсонро намешиканад, ӯро пурқувват месозад. Пас аз ин Сайёра ба ҷои афсурдаҳолӣ ҳаракат мекард, ки хубтару беҳтар кор кунад, то нишон диҳад, ки аз онҳо афзалият дорад. Оре, руҳияи шикастнопазирӣ ва ҳисси хештаншиносӣ дар ин духтараки ҳунарманди тоҷик побарҷост!
Умуман, Москва барои Сайёра мактаби бузурги одамият ва имтиҳони ҷиддие дар зиндагӣ буд. Дар филмҳои нақшофаридааш низ бештар дар ҳамин бора қисса мекунад. Яъне чӣ тавр инсонҳо ба бузургшаҳрҳо омада, мушкилоти сангинеро паси сар менамоянд ва дар бисёр мавридҳо дар охир муваффақ низ мешаванд.
«Ты же таджичка, ты можешь»
Яке аз сериалҳое, ки бештар Сайёраро ба тамошобинон муаррифӣ намуд, ин иҷрои нақши марказии Гюлчитай дар филми ҳамноми коргардони машҳури рус Роман Просвирнин буд. Сериали мазкур соли 2011 ба навор гирифта шуд. Дар озмун духтарони зиёд — русҳо, қафқозиҳо, ӯзбекҳо ва намояндагони миллатҳои дигар низ иштирок намуданд. Аммо нақши асосӣ ба Сайёраи мо насиб гардид. Филми мазкур дар Қазоқистон наворбардорӣ шуд.
— Зимни банаворгирии филм ба ман лозим омад, ки аспсаворӣ, дар танӯр нон пухтан, говҷӯшӣ ва ғайраро аз худ намоям ва бори аввал иҷро кунам. Коргардонҳо мегуфтанд: «Ты же таджичка, ты можешь». Ман ба онҳо мефаҳмонидам, ки ман тоҷикдухтари шаҳриям ва дар шаҳр бузург шудам. На ҳар тоҷикдухтар дар сар тоқӣ монда, ба говҷӯшию нонпазӣ ва корҳои дигари саҳроӣ машғул шуда метавонад…,- мегӯяд ӯ.
Ҳасад — санги сари роҳ
Вақте филми машҳури «Бандии Қафқоз»-ро ба навор гирифтанӣ шуданд, ба Душанбе, ба Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ занг заданд ва дархост намуданд, ки ҳунарпешаи тоҷик Сталина Азаматоваро ба Москва фиристанд. Зеро дар симои ӯ, ки то ин замон дар чандин филмҳо нақш офарида буд, коргардон Нинаи худро медид. Аммо ҷавоб чунин буд:
— Сталина дар «декрет» аст, ӯ ба Москва рафта наметавонад…
Ҳол он ки, С. Азаматова дар ягон хел рухсатӣ набуд ва метавонист дар ин филм, ки шуҳрати ҷаҳонӣ касб намуд, нақши марказиро офарад ва бо ин васила номи миллати моро бори дигар дар таърихи синамои шӯравӣ ба таври шоиста қайд намояд. Аммо бахилию ҳасад сабаб шуд, ки аз ин чиз ҳунарпеша бехабар монд ва ин нақш ба Наталя Варлей насиб гардид.
— Агар Сталина Азаматова дар ин филм нақш меофарид, барои мо тоҷикон дар он замон ва дар оянда низ роҳи бештар ба санъат боз мешуд. Зеро тоҷикон бо истеъдод ва маҳорати худ аз дигарон фарқ доранд ва мо бояд инро пайваста хотиррасон намоем,- мегӯяд Сайёра.
Нотавонбинӣ маризиест, ки оқибатҳои ногувор дорад ва чунин инсонҳо бояд пеш аз ин амал фикр намоянд, ки то чӣ ҳад метавонанд барои ояндаи ҷомеаи худ хатарзо бошанд… Аммо афсӯс, ин чизҳо ҳоло ҷой доранд.
Варзиш, рақс ва забономӯзӣ
— Зиндагии мо ба зиндагии маҷозие монанд шудааст, ки ҳамагон ҳар рӯзи ҳаёти худро дар “Инстаграм” ва ғайраҳо тарғиб менамоянд. Албатта дар кори интихоб намудаи мо ин чизҳо низ заруранд, аммо ман то ҳол аз “Инстаграм” ва шабакаҳои иҷтимоӣ қариб ки истифода намебарам. Ситора шудан осон аст, аммо шуҳратро на ҳамагон бардошта метавонанд. Ман варзиш ва рақсро дӯст медорам. Ҳамзамон ба омӯзиши забонҳо шавқи махсус дорам. Забони англисиро низ медонам ва аз забонҳои фаронсавию итолиёвӣ, ҳуруфи форсӣ низ бохабарам. Яъне ба ҷои истифодаи “Инстаграм” бештар вақти худро дар интернет ба забономӯзӣ сарф менамоям.
Шиори Сайёра ин аст: “Ҳар рӯз биомӯз!”. Яъне, ба ақидаи ӯ, беҳтарин саҳмгузории инсон саҳмгузорӣ ба рушди шахсиаш аст. Инсон бояд некбин бошад ва пайваста аз болои худ кор карда, камбудиҳои худро ислоҳ намояд.
Душанбеи дигар
— Ҳар замоне, ки ба зодгоҳам, шаҳри кӯдакиҳоям — Душанбе бармегардам, ҳиссиёти аҷибе маро фаро мегирад. Душанбеи мо хеле иваз шудааст, биноҳои хуштарҳу замонавӣ қомат афрохтаанд. Ин лолаҳои рангоранге, ки ҳастанд, ҳамагонро мафтун сохтаанд. Ҳатто лолаи сиёҳ низ мерӯяд, ки онро дар Голландия ҳам дучор нашудаам. Албатта хуб мешуд, ки сатҳи зиндагии мардум низ боло равад, то онҳо барои кор ба хориҷа нараванд ва меҳнату заҳмати худро барои ободии Ватан сарф намоянд. Ҳамзамон, ба санъат бояд таваҷҷуҳи махсус диҳем, зеро бо он иқтидор ва истеъдоде, ки мо тоҷикон дорем, бояд хеле ва хеле пешрафта бошем. Ҳунармандони мо аз актёрони «Голливуд»-у «Болливуд» ягон камие надоранд,- мегӯяд Сайёра.
Насрулло ТУЙЧИЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ