Шаҳри Хуҷанд: Иқдомот, ободкорӣ ва бунёдкорӣ

Мардуми шарафманди Хуҷандшаҳр баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нишондодҳои раиси вилояти Суғд, муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода чораҳои амалӣ андешида, барои ноил гаштан ба нишондиҳандаҳои назаррас аз тамоми иқтидорҳою имкониятҳо самаранок истифода бурда истодаанд.

Шоистаи зикр аст, ки соли ҷорӣ кулли сокинони шаҳр бо руҳияи баланди меҳанпарастӣ дар самти тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ тадбирҳои рўзафзун андешида, ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти бонизоми мақомоти маҳаллӣ, азму талош ва заҳмати софдилонаи кулли сокинони шаҳр ҷиҳати таъмини рушди устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ, зиндагии шоистаи аҳолӣ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардида истодаанд.

Саноатчиёни шаҳр иқдоми ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки солҳои 2022-2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд, бо мамнуният ҷонибдорӣ намуда, дар раванди рушди босуръати ин соҳа ташаббусҳои некро амалӣ гардонида, чораҳои судмандро амалӣ намуда истодаанд. Сол аз сол дар шаҳри Хуҷанд номгўи намудҳои маҳсулоти саноатӣ низ зиёд шуданд, ки онҳо асосан аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол гардида, ба 16 давлатҳои муштаракулманофеъ содирот карда шуда истодаанд. Ба онҳо истеҳсоли маргарин, ранг ва қумпардозии минералӣ, дўхтани либоси варзишӣ, дўхтани либоси ҳарбӣ, ноқилҳои электрикӣ ва маҳсулоти дару тирезаҳои муосир мисол шуда метавонанд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки дар давраи сипаригашта дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд Корхонаи ҳасиббарории Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Толиб Дадобоев”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз намоиши маҳсулоти корхона дидан намуданд.

Ҷамъияти мазкур бо тамғаи маҳсулоти гўштии “Дилшод” навъҳои гуногуни ҳасибро истеҳсол мекунад. Дар ҷамъияти мазкур 25 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардида, ҳамаи онҳо аз курсҳои бозомўзии кор бо технологияи соҳавӣ гузаштаанд. Айни замон дар корхона истеҳсоли то 30 намуди маҳсулоти гўштӣ роҳандозӣ гардидааст. Хатҳои истеҳсолии корхонаи мазкур аз Олмон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус ва Чин харидорӣ гардида, бо истифода аз ин имконот истеҳсолот дар доираи стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ гардидааст.

Ин чораҳои андешидашудаи босубот барои зиёд гардидани иқтидори истеҳсолии маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда, ҷойҳои нави корӣ, ҳаҷми сармоягузории дохилию хориҷӣ, ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ва манбаҳои андоз ба буҷети давлатӣ заминаи устувор гузоштанд.

Дар ин давра барои азнавсозии технология ва муҷаҳҳаз гардонидани корхонаҳои саноатӣ зиёда аз 10,0 миллион сомонӣ сармояҳо ҷалб карда шудааст.

Дар раванди бунёдкориву созандагӣ бинокорони шаҳр саҳми назаррас гузошта, аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои молиявӣ маблағгузории асосӣ наздик 100 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар шаҳр баҳри бунёд, эҳё ва таҷдиди майдончаҳою толорҳои варзишӣ, ҷиҳати обутобёбии саломатии ҷавонону наврасон ва тарзи ҳаёти солим 6 адад майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Яке аз рисолатҳои ниёгонамон корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ маҳсуб ёфта, дар ин самт бо истифода аз тамоми имкониятҳои ҷойдошта баҳрабардорӣ карда шуда истодааст.

Бо мақсади ба кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр зам намудани ҳусну таровати замонавӣ 259 адад лампаҳо, чароғакҳою фурўзонакҳо, равшанкунакҳо насб карда шуда, 8 адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор, 22 адад даромадгоҳҳо, 2274 метри мураббаъ боми биноҳо ва 220 метр қубурҳои обу ташноб таъмир ва иваз гардиданд.

Дар ин раванд ҷиҳати кабудизоркунӣ дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуда, дар натиҷа 2 ҳазору 138 адад дарахтони ороишии сояафкани ҳамешасабз, 137,5 ҳазор дона гулҳои ҳархелаи ороишию маҳаллӣ, ба монанди буттагули садбарг, виола, карамгул, карнайгул, 200,0 ҳазор дона қаламчаи гули садбарг ва 500,0 ҳазор дона пиёзаки гули лола шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор доранд.

Боиси ифтихор аст, ки ҳар як сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд барои инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми босазо мегузорад.

Бо қадами мубораки Пешвои муаззами миллат дар шаҳри Хуҷанд дар соли ҷорӣ якчанд иншооти гуногуни иҷтимоию истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Аз ҷумла, дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳр ба фаъолияти корхонаи ҳасиббарории Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Толиб Дадобоев”, Маркази савдо ва хизматрасонии “Амид”, 2 бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд аз тарафи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Сармоя сохтмон”, ки дар асоси талаботи шаҳрсозӣ бо тарҳи меъмории миллӣ зебою замонавӣ сохта шудааст, оғози расмӣ бахшиданд.

Ҳамчун самти афзалиятнок ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, бо мақсади тақвият бахшидан ба омўзиши фанҳои дақиқ, илму техника, ихтироъкориву навоварӣ ва ташаккули тафаккури техникӣ, инчунин баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва дар доираи озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” 60 адад маҳфилҳои “Ровиёни беҳтарин”, “Шеърдўстони беҳтарин”, “Техникони наврас”, “Математикони ҷавон”, “Барномасозон” ва “Табиатдўстони ҷавон” дар муассисаҳои таълимӣ амал намуда истодаанд.

Дар ин давра 156 нафар омўзгорони фаннӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аз курси такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф гузашта, савияи дониши худро баланд бардоштанд, ки он ба ҳисоби миёна 39,6 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии мутахассисони соҳаи маориф дар давраи ҳисоботӣ 25 нафар омўзгорон ба маблағи 29 ҳазору 760 сомонӣ, ба осоишгоҳҳо роҳхат гирифта, саломатии худро барқарор намуданд.

Барои муҷаҳҳазгардонии соҳа барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр 140 адад компютер ва 40 адад тахтаи электронӣ харидорӣ карда шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо фаъолона иштирок намуда, дар ин росто 42 нафар хонандагони синфи 11 барои иштирок дар олимпиадаи ҷумҳуриявии соли ҷорӣ роҳхат гирифтанд.

Инчунин, барои фароҳам овардани шароити хуби хониш сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 ва муассисаи таълимии томактабии №18 бомаром идома дорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр минбаъд низ ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондодҳои раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва истиқболи сазовори 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 30-юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир меандешад.

Фирдавс ШАРИФЗОДА, раиси шаҳри Хуҷанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *