Санҷиши иҷозати вуруди тоҷикон ба Русия дар Душанбе пулакӣ мешавад

Аз 1 сентябри соли равон хизматрасонӣ дар Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии «Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пулакӣ ба роҳ монда мешавад.

Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, феълан санҷиши пеш аз сафар дар ҳудуди Тоҷикистон, аз ҷумла бақайдгирии изи ангушт, санҷиши манъи вуруд ба ҳудуди Русия ва дигар хадматрасониҳои ин ниҳоди русӣ ройгон аст.

Ёдовар мешавем, ки Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии «Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 майи соли равон ба кор шурӯъ кард. Он дар бинои Хадамоти муҳоҷират бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121, ҷойгир буда, ҷиҳати таъмини шароити мусоиди хизматрасонӣ ва сарфаи вақт барои ашхосе, ки хоҳиши кор дар Русияро доранд, муосидат менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *