Саргузашти Амири Дубай (1)
Китоби «Рӯзгори ман» тасодуфан ба дастам афтод. Дӯстам Саидҷон шакли электронии онро пешниҳод намуда, хоҳиш кард, ки ба сурати китоб омода созам. Чун ба мутолиаи ин асари пур аз ҳикмат ва таҷрибаи рӯзгор фурӯ рафтам, дарёфтам, ки он на танҳо саҳифаҳои таърихи бунёди шаҳри Дубай, кишвари Аморати Муттаҳидаи Араб, балки роҳнамо барои ҳар фардест, ки мехоҳад марзҳои зеҳнӣ ва ҷисмониро шикаста, ба сарзамини орзуҳо расад. Шайх Муҳаммад ибни Рашид Ал Мактум дар «Рӯзгори ман» нишон медиҳад, ки талош ва иродаи инсонӣ метавонанд ҳар ду — орзуву воқеиятро — ба ҳам пайванд диҳанд ва аз он як воқеияти нав эҷод кунанд.
Дар ин китоб ҳар саҳифа шоҳиди руъёҳои бузургест, ки ба воқеият табдил ёфтаанд. Ин руъёҳо моро водор месозанд, ки ба ҳар орзуе, ки дорем, бо дили пур ва қадамҳои устувор назар андозем ва ҳадду сарҳади имкониятҳоро густариш диҳем. Шайх Муҳаммад бо бардошт аз рӯзгори худ ба мо мегӯяд, ки танҳо онҳое, ки омодаанд ба чолишҳо рӯ ба рӯ шаванд ва ҳадафҳои бузургро пеша кунанд, метавонанд ҷаҳонро дигаргун созанд ва саҳифаҳои тозае дар таърих эҷод намоянд.
«Рӯзгори ман» пур аз ҳикмат, таҷрибаи рӯзгор, як паёми рӯҳбахш, як рисолати бепоёни қавӣ барои наслҳои имрӯзу оянда аст, ки бо истифода аз он метавонанд дар сарнавишти худ, кишварашон ва барои ҷаҳоне, ки аз ормонҳои онҳо таъсир хоҳад гирифт, саҳмгузор бошанд.
Шариф ҲАМДАМПУР
Хоб бо каждум
Ман ҳафт ё ҳаштсола будам, ки падарам маро бо худ барои шиносоӣ бо пири хиради қабилаи Манасир — Хумайд ибни Амхиро, шикоромӯзӣ ба дашт мебурд. Дар муқоиса ба дигар бадавиҳо, Хумайд дар назди об не, балки дар биёбони беоб зиндагӣ мекард. Ӯ як шутур, шоҳбоз, саги шикорӣ ва чодирҳо дошт ва ҳамсараш, ки то ҳол нисбаташ эҳтироми бузург дорам, ҳамроҳаш буд. Ӯ бақувват буд, ҳезум мекашид, шутур меҷӯшид, гӯсфанд мекушту онро мепухт, шикор бо шаҳбоз ва шикори оддӣ мекард. Ин ҳамаро вай дар танҳоӣ, бе дастёр ба анҷом мерасонид. Ҳанӯз лаззати таоме, ки ӯ мепухт, аз даҳонам нарафтааст. Хусусан кулчаи тагалобии ғафс, ки бо равған ва асал рӯи дастархон мегузошт. Мо онро бо шири шутур мехӯрдем. Ин таоми болаззате буд, ки дар сармои зимистони биёбон мехӯрдем ва роҳат мекардем.
Падарам одатан маро якчанд рӯз бо Хумайд мегузошт. Аз ӯ ман шикор бо шоҳбоз ва сагро омӯхтам. Ӯ маро бо тарзи ҳаракат, одат ва асрори ниҳони шикор ошно месохт. Чӣ гуна дарандаҳо шикор мекунанд ва бар заифон пирӯз мешаванд — мактабе буд, ки ман аз ӯ омӯхтам.
Масалан, шикори харгӯшҳо ҳангоми хӯрок хӯрдан бефоида аст, зеро онҳо мисли тир фирор мекунанд. Онҳоро осонтар аст вақти дар зери замин пинҳон шуданашон дастгир кунӣ. Харгӯш дар тобистон мағокро (хона) чуқур меканад, зимистон миёни буттаҳои қумзор паноҳ мебарад. Беҳтарин усули гирифтани харгӯшҳо — пайгирии онҳо ҳангоми гурехтан ба сӯи мағок аст. Аммо гурехтани онҳоро ба сӯи паноҳгоҳашон таҳти назорат гирифтан бисёр душвор аст. Онҳо ҷониби маконҳои хоби худ хеле тез ва мулоим мепаранд, тарзе меҷаҳанд, ки изи пой дар регзор нагузоранд. Танҳо мутахассис аз рӯи одат ва тарзи ҳаракати онҳо дар биёбон метавонад нишоне аз ин изҳо пайдо кунад.
Ман инчунин аз Хумайд дар бораи шоҳбозон ва одати онҳо, сагҳои шикорӣ ва табиати онҳо бисёр чизҳоро омӯхтам. Шумо метавонед сагҳоро шикори оҳуи ваҳшӣ омӯзонед ва дар як вақт онҳоро ҳамзистӣ бо оҳуҳои парваридаатон ва гӯсфандон ёд диҳед. Масалан, бисёр одамон намедонанд, ки чаро бадавиҳо шоҳбозро ҳамеша болои даст, дар сатҳи чашм баланд мебардоранд. Далели ин он аст, ки шоҳбоз агар аз ягон ҳайвони дигар поёнтар қарор гирад, эҳсоси хатар мекунад, бургут — душмани шоҳбоз аз боло ҳамла мекунад. Бинобар ин, шоҳбоз ба ҳар парандае, ки аз болои сари ӯ парвоз мекунад, ҳамла мекунад.
Шом, баъд аз омӯзиш ва шикор мо гирди оташ ҷамъ меомадем ва суҳбат меоростем. Ин хотироти ширин, шавқангез ва ҳатто дарднок то ҳол дар хотирам нақш бастааст.
Гармии болин миёни биёбони сарди беохир бо ҳеҷ чиз муқоиса намешавад. Шабона ман чанд маротиба аз сабаби нешзании андаки ақраб бедор мешудам. Ба назар мерасад, ки ақрабон низ гармиро дар болини ман меҷустанд.
На ҳар чизе, ки бар асари он дард эҳсос мекунӣ, бад аст. Баъзан дард омӯзанда ва муҳофизи мост.
Ман аз дард бедор мешудам, дарди сахт. Дар чунин лаҳзаҳо Хумайд одатан маро назди оташ мебурд ва хокистар ба захм мепошид, то дардро фурӯ барад, таъсири заҳрро камтар кунад. Гармии хокистар дардро то хунук шудан сабук мекард. Оё шумо метавонед тасаввур кунед, ки чанд бор шабона аз чунин дарди шадид бедор мешавед — се-чор маротиба? Ҳамеша ҳайрон мешудам, ки чаро ман ягона нафаре будам, ки ақрабҳо мегазиданд? Бале, танҳо маро!
Бо гузашти вақт сабабашро фаҳмидам: якум, гуноҳи худам буд, ки ба маслиҳати бедуинҳо гӯш намедодам, дар биёбон пеш аз хоб болинамро тафтиш намекардам, наметаконидам. Дуюм, Хумайд қасдан 10-12 ақраби ҷавонро ҷамъ карда, ба болини ман мегузошт!
Ӯ мехост, ки бадани ман муқовимат ба заҳри марговари ақрабҳо пайдо кунад. Ва ӯ ҳақ буд — то имрӯз заҳри ақраб ба ман таъсир намекунад. На ҳар чизе, ки бар асари он дард эҳсос мекунӣ, бад аст. Баъзан дард омӯзанда ва муҳофизи мост.
Чанд сол пеш ман дар биёбон ақраби калонро таъкиб кардам. Он зери буттаҳо пинҳон шуд ва пайт кофта, ба ман ҳуҷум кард. Ман ба ақиб гаштам ва таваҷҷуҳ ба он накардам. Ақраб маро сахт заҳролуд кард.
Ман поямро бастам ва ба захм каме хокистар ва оби гарм гузоштам. Насиҳати оддии шодравон Хумайд буд, ки ман аз марг наҷот ёфтам.
Бо ақраби биёбон, дар муқоиса бо ҳаммаслакон, бархӯрд кардан осонтар аст. Ақрабҳои биёбон танҳо дар сардии шаб роҳати гармӣ меҷӯянд, аммо вақте сардӣ ақиб меравад, мегурезанд, ҳамла намекунанд. Онҳо танҳо вақти эҳсоси хатар неш мезананд. Ақрабтабиатон неш задан ва заҳролуд карданро дӯст медоранд. Мегӯянд, ки ақрабтабиатон дар рӯи замин дар шакли (симои) ғайбатчиён ва вайронкорон зиндагӣ мекунанд, руҳро ноором, муносибати одамонро вайрон, руҳияи ҳамзистӣ ва тими ягона (команда) буданро хароб месозанд. Ман ғайбатчиён ва вайронкоронро дӯст намедорам. Онҳо заҳр мечаконанд, коре мекунанд, ки шумо аз одамият дур шавед, ахлоқи ҳамидаи гурӯҳиро хароб созед, дастовардҳоро қадрдонӣ накунед, таваҷҷуҳатонро танҳо ба дидани бадӣ равона менамоянд, дар дидани некии дигарон кӯр ҳастанд. Онҳо риёкор, дурӯя ҳастанд, ҳар амалашон ҳосили рашку ҳасад аст.
Рӯзе шоҳ яке аз ҳамкорони вафодорашро наздаш даъват кард ва гуфт, ки дар бораи ӯ суханҳои ношоям гуфтааст. Ҳамкораш инкор кард, ки ҳеҷ ҳарф ё амали носазое нисбати шоҳ нагуфтаасту накардааст. Шоҳ гуфт, ки хабаррасон шахси эътимодист ва ба маълумоти ӯ бовар дорад. Он гоҳ ҳамкораш гуфт: «Ғайбатчиён ҳеҷ гоҳ поквиҷдон набуданд». Шоҳ маҷбур шуд ба ин гуфта розӣ шавад.
Шоире гуфтааст: Одамон мегӯянд, аз пушт ғайбат мекунанд.
Ба касе, ки ғайбати дигарон мекунад, ҳеҷ гоҳ набояд бовар кард.
Дида аз дидани онҳо бояд пӯшид. Ин ҳақиқат аст: бо ақрабҳои биёбонӣ хобидан осонтар аст, назар ба зистан бо одамони ақрабтабиат.
Давоми дорад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ