Саргузашти Амири Дубай (4)

Видоъ бо Латифа

Моҳи майи соли 1983 ман модарам Латифа бинти Ҳамдан, пораи диламро аз даст додам. Падарам ҳамсари беҳамтои худро, ки беш аз чил сол паҳлуи ӯ буд, аз даст дод. Ӯ пуштибон, ҳамсари азиз, дӯст ва маҳбубашро гум кард. Падарам модари ман — ягона шахсеро, ки ба ӯ боварӣ дошт, ҳар рӯз наҳорияшро омода кунад, аз даст дод. Ӯ одат дошт, ки лоиҳаҳои ҷориро субҳи саҳар баррасӣ кунад ва сипас барои ҳамроҳ шудан ба ӯ дар наҳорӣ ва баҳра бурдан аз гуфтугуҳои тӯлонӣ ба хона баргардад.

Ҳоло кӣ барои ӯ наҳорӣ омода мекунад? Кӣ бо ӯ суҳбат хоҳад кард? Вақте ки ӯ рафт, Рашид ибни Саид абадан тағйир ёфт.

Дар ҷанозаи модари ман, шайх Латифа бинти Ҳамдан Ал Наҳян, соли 1983

Ман низ модарамро дӯст медоштам ва ӯ маро самимӣ дӯст медошт. Мисли ҳар кӯдак, ҳамеша даъво мекардам, ки ман дӯстдоштаи ӯям. Бузургии модар дар он аст, ки ба ҳар як фарзандаш эҳсоси наздиктар будан ба дили ӯро медиҳад. Вақте ки ман калон шудам, ҳамеша кӯшиш мекардам ӯро хушбахт кунам. Ман кӯшиш мекардам барои ӯ туҳфаи арзанда аз ҳар сафари хориҷӣ биёрам. Хушбахтии ӯ ширинтарин лаззат барои ман буд. Табассуми ӯ маро барои тамоми рӯз руҳбаланд мекард ва суханонаш бузургтарин тасаллои ман дар зиндагӣ буданд.

Ҳар касе, ки ҳеҷ гоҳ муҳаббат ва пайванди модариро надидааст, ҳеҷ гоҳ воқеан зиндагӣ накардааст. Хастагии модар моро ранҷур месозад, ғаму андӯҳи модар дили моро мешиканад, бемории модар моро заиф мекунад. Мо метарсем, ки ҳатто як чизи хурд метавонад ҷисми ӯро ба дард орад.

Чӣ мешавад, агар мо ӯро аз даст диҳем?

Чӣ мешавад, агар ӯ моро тарк кунад?

Дарди ваҳшатнок, холигии бузург, эҳсоси бекасӣ — ҳамин аст ҳиссиёте, ки мо замони аз даст додани модаронамон аз сар мегузаронем.

Падарам пас аз бемории дарозмуддат саломатӣ ва ҳолати худро базӯр барқарор карда буд, ки дучори зарбаи ғамангези талафот шуд. Марде қавӣ, устувор, дар сахтиҳо шикаст нахӯрда ва ҳеҷ гоҳ таслим нашуда аз марги ҳамсараш Латифа сахт рӯҳафтода ва ғамгин буд. Ӯ дигар мисли пештара набуд.

Пас аз даргузашти модарам аз аҳволи падарам нигарон будем. Мо дар ин рӯзҳои вазнин ҳамеша дар паҳлуи ӯ будем. Ин рӯзҳо на танҳо барои мо, балки барои тамоми Дубай ва онҳое, ки модари Дубайро самимона дӯст медоштанд, такондиҳанда буд.

Шайх Латифа беморонро табобат мекард, ба кӯдакон ғамхорӣ менамуд, камбағалонро тасаллӣ медод ва бо занон ҳамдардӣ мекард, дар шодиву ғами онҳо шарик мешуд. Ман дида будам, ки чӣ тавр ӯ омода кардани хӯрокро назорат мекард ва баъдан онро ба ҳамсоягон, хешовандон ва меҳмонон тақсим менамуд.

Хастагии модар моро дардманд, ғами модар моро пора-пора месозад. Чӣ мешавад, вақте мо ӯро аз даст медиҳем?

Чӣ мешавад, агар ӯ моро тарк кунад?

Ман то ҳол он лаҳзаи охирини дидорро бо ӯ пеш аз сафар ба Англия барои табобат ба ёд меорам. Ман ӯро бӯсидам. Ӯро ба оғӯш гирифтам. Сахт дар оғӯшам нигоҳаш медоштам. Дасташро ба дастам гирифтам. Ӯ ба ман нигариста, пурсид:

«Оё дар ҷаҳон касе мисли ту ҳаст?».

Вай бо тааҷҷуб ба соате, ки дар дастам буд, нигарист ва сипас рафт. Ман дар бораи туҳфае фикр кардам, ки метавонистам барояш ҳангоми бозгашт тақдим кунам. Фикр кардам, фикр кардам, то ниҳоят қарор додам, ки соати худро ба ӯ ҳадя кунам. Дар дил эҳсос мекардам, ки ӯ мехост як порае аз ман бо худ дошта бошад, ки ҳамеша дар паҳлуяш бошад. Аз ин рӯ, қарор додам, ки соатеро, ки писандидааш буд, ба ӯ тақдим кунам.

Мутаассифона, модарам дигар ҳеҷ гоҳ барнамегардад.

Маросими дафни модарам бошукӯҳ буд. Ҳазорон нафар барои видоъ бо ӯ омада буданд ва бисёриҳо ба хотири аз даст додани модари Дубай гиря мекарданд. Дар ҳоле, ки падар ва бародаронам аз боло ба ман менигаристанд, ӯро ба манзили охиринаш фаровардам. Ӯро дар хонаи охират гузоштам. Ашкҳо рӯйи рухсорам мешориданд.

Вақте ки аз қабр берун мебаромадам, соатам аз дастам лағжид. Гунг шуда будам ва наметавонистам чизе бигӯям. Ба соатам, ки дар паҳлуи модарам қарор гирифта буд, нигариста, дард ва ғами гаронро эҳсос кардам. Ба худ гуфтам: «Порае аз ман бо ӯст, ки дар роҳи охиринаш ҳамроҳаш хоҳад буд».

Хастагии модар дили моро ба дард меорад, ғами модар диламонро   пора ва бемории ӯ қувватамонро мегирад.

Чӣ мешавад, агар ӯро аз даст диҳем?

Чӣ мешавад, агар ӯ моро тарк кунад?

Бо рафтани модарам хонаи мо дигаргун шуд. Барои ҳамеша дигаргун шуд. Ҳама чизе, ки аз баракати ӯ доштем, акнун танҳо ба як ёдгории ширин табдил ёфта буд. Пас аз марги ӯ, падарам устувор, бошараф ва матин боқӣ монд. Сабур, ғамзада ва  ботаҳаммул  буд. Баъд аз чанд рӯз, ӯ Камол Ҳамза, роҳбари мунисипалитети Дубайро наздаш хонд. Ҳамза фавран омад. Падар аз ёвари худ, Саллом, хоҳиш кард, ки қалам ва коғаз биёрад. Нигаҳаш ҳамзамон ғаму андӯҳи амиқ ва ҳам иззату ифтихорро инъикос мекард. Ӯ гуфт: «Навис! Ман хоҳиши маҳбуби рафтаамонро ба ту дикта мекунам».

Ҷанозаи шайх Латифа бинти Ҳамдан Ал Наҳян, соли 1983 

Сипас, бо ашки талх гирист. Ҳамза аз дидани ин манзара дар ҳайрат афтод. Мардум одат карда буданд, ки падарамро марди қавиирода, ҷасур ва масъул бинанд — роҳбаре, ки ҳамеша ба ҳалли ҳар мушкил қодир буд. Дар ҷомеа, падарам ҳамчун муҳандисе маъруф буд, ки Дубайро сохт, бунёд гузошт, эҳёро оғоз ва лоиҳаҳоро раҳнамоӣ мекард. Ҷаҳон ихлосманди падарам буд. Ҳеҷ кас интизор надошт, ки шоҳиди чунин лаҳзае гардад, лаҳзае, ки ҷанговари далер шикаста шавад. Онҳо тамоми дардеро, ки ӯро аз дарун фаро гирифта буд, мушоҳида карданд. Ба ӯ як пиёла об доданд ва раҳмати Парвардигорро хотиррасон карданд, то ки ором гирад. Баъди ором шудан ӯ боз хоҳиш кард, ки иродаи маҳбуби аз даст рафтаашро сабт кунанд.

Ва боз бо ашкҳои талх гирист, такроркунон: «Иродаи маҳбуби рафтаам, иродаи маҳбуби рафтаам, иродаи маҳбуби рафтаам…».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *