Ба таваҷҷуҳи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ

 Сари сахти беписарамро ба куҷо занам?

Ман, Ахмедов Абдусалом, сокини ноҳияи Сино, маҳаллаи Қазоқон, хонаи 63, пири нобино ва бе касу кӯй  дастгиру мададгоре надорам, аз ҳамин сабаб ба шумо муроҷиат намудам, то арзи дили маро ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бирасонед.

Писарам Рустамҷон! Маро бубахшед, агар писарам гуфтани ман ба шумо сахт расида бошад. Мани нобино ҷавонмардиҳои падари бузургворатон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро бисёр дидаву шунидаам, аз ҳамин хотир «Асои пир ба ҷойи пир» — гӯён ба шумо  муроҷиат кардам.  Яккафарзанди эркаи падару модарам будам, вале Худованд ба ман бахт надод. Ҳамсари якумам сари фарзанд рафт, зани дуюмам бошад, бе зурриёт баромад. Хешу табор маро насиҳат карда мегуфтанд, ки аз баҳри ин зани бенасл гузашта, ягон зани зоё бигир, то бароят писар таваллуд кунад ва фардо мурдаат бесоҳиб намонад. Аммо  мани сода «занамро дӯст медорам» гуфта, рад мекардам. Ҳамин тавр, қариб 40 сол бо зани безурриёт зиста, духтари ягонаамро, ки аз ҳамсари якумам буд, ба шавҳар додам. Ростӣ, то вақте ки ҳамсарам зинда буд, аз ягон чиз танқисӣ намекашидем, вале соли гузашта занам аз бемории ҷигар вафот карду рӯзи ман сиёҳ шуд. Бовар мекунед, аз сабаби камбағалӣ натавонистам ҳатто маъракаҳои мотамии ҳамсарамро ба таври лозимӣ гузаронам. Баъди сари занам рӯзгори сангине насибам гаштааст. Ҳамагӣ 78 сомонӣ нафақа мегирам. Хӯрдану пӯшидан он тараф истад, ин  маблағ ҳатто ба пардохти ҳаққи истифодабарии барқ намерасад. Чашмонам бар асари беморӣ хира шудаанд, мустақилона роҳ гашта наметавонам. Ба назди духтур рафтам, табибон чашмони маро муоина намуда, маслиҳат доданд, ки ҷарроҳӣ кунам, вале мани камбағалу бе кас чунин имконият надорам. Писар надорам, ки маро ба духтур бурда, ҷарроҳӣ кунад ва нигоҳубин намояд. Духтарам бесавод, бекор ва бо шаш фарзандаш овора аст. Чанд бор ба назди хешу табор рафта, мадад пурсидам, мегӯянд, ки хафа нашавед, дар ин замона як пора нони фарзандони худамонро базӯр ёфта истодаем, мо имконияти ба шумо ёрӣ расондан надорем. Сари сахти бе писарамро ба кадом дар занам, намедонам. Умеди охиринам шумо ҳастед Рустамҷон, илтимос, дар ин моҳи мубораки Рамазон, ки моҳи хайру эҳсон аст, дар ҳаққи мани нобино ва мазлуми беписар некӣ карда, нури чашмонамро барқарор созед. Худованд ҷавоби ин некии шуморо, албатта, бо некӣ бармегардонад!

Ахмедов Абдусалом,

сокини н. Сино, маҳаллаи Қазоқон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *