Имрӯз ҳам 40 градус гарм мешавад

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 21 июн дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо борон меборад.

Бар асоси пешгӯии Агентӣ, дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҷойҳо боридани борон дар назар дошта шудааст. Дар ғарби ВМКБ  шабона  12-17 ва рӯзона 26-31 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона то 5 дараҷа ва рӯзона аз 12 то 17 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 20-25 ва рӯзона 38-43 дараҷа, дар вилояти Суғд ҳаво шабона 21-26 ва рӯзона 36-41 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво қисман  абрнок гардида, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона ба 17-22 ва рӯзона ба 36-41 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, гармии ҳаво шабона 18-20 ва рӯзона 38-40 дараҷаро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *