Сарвазири таппончаи тиллодор дастгир шуд

Дирӯз  сарвазири Доғистон Абдусамад Гамидов, ду муовини ӯ ва вазири собиқи маорифи ин ҷумҳуриро боздошт карданд. Роҳбарони собиқи Доғистон ба қаллобӣ, фасод ва дуздии миллиардҳо рубл аз буҷаи давлатӣ айбдор мешаванд. Ҳангоми кофтукоб аз хонаи сарвазир як пистолети тиллоии ТТ, ду пистолети Макаров ва «Беретта” ва ду автомати Калашников ёфтаанд.

Дар ҷумҳурии Доғистони Русия амалиёти махсуси «риояи қонуният” вориди нуқтаи авҷаш шуд.

Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки мақомоти интизомӣ иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Доғистон Абдусамад Гамидов, ду муовини раиси ҳукумат Шамил Исоев ва Раюдин Юсуф, ҳамчунин вазири собиқи маорифи Доғистон Шоҳаббос Шоҳов ва чанд мансабдори дигари баландпояро боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, ин мансабдорони баландпояи Доғистонро алакай ба Маскав овардаанд ва онҳо, аз ҷумла сарвазир Абусамад Гамидов дар ФСБ таҳти бозпурсӣ қарор доранд.

Кумитаи тафтишот мегӯяд, ин боздоштҳо дар чорчӯби парвандаи ҷиноятии пурсарусадое сурат гирифтааст, ки бар асоси қисми чоруми моддаи 159-уми Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон дар робита ба дуздии пулҳои аз буҷаи Доғистон барои барномаҳои иҷтимоӣ дар ин минтақа ҷудошуда оғоз кардаанд.

Светлана Петренко, намояндаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия гуфт: «Дар ҷараёни тафтиши парванда муфаттишон дар ин дуздиҳо бо роҳи қаллобӣ даст доштани иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Доғистон Абдусамад Гамидов, ду муовини раиси ҳукумат Шамил Исоев ва Раюдин Юсуф, ҳамчунин вазири собиқи маорифи Доғистон Шоҳаббос Шоҳов ва афроди дигарро маълум карданд.”

Соли 2017 Рамазон Абдулатипов аз мақоми раҳбари ҷумҳурии Доғистон барканор гардида, ба ҷои ӯ аз Маскав Владимир Василев, як афсари собиқадори пулисро фиристоданд.

Ҷумҳурии Доғистон аз фасодзадатарин минтақаҳои Русия ба шумор меравад ва ба дунболи ба роҳбарии ин ҷумҳурӣ таъйин шудани Василев аксар интизор доштанд, ки ӯ корро аз поккорӣ шуруӯъ хоҳад кард.

Ду ҳафта пеш гузориш шуда буд, ки як гуруҳи бузурги муфаттишон аз Маскав ба роҳбарии муовини додситони кулли Русия Иван Сидорук ба Доғистон омадааст ва акнун боздоштҳои пурсарусадо оғоз мешаванд.

Дар поёни моҳи январ шаҳрдори Махачқалъа, пойтахти Доғистон Мӯсо Мӯсоев бо иттиҳоми даст доштан дар коррупсия дастгир шуд.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *